Ҳақро завол нест

(Чанд андеша аз истеъфои аъзоёни ба ном Анҷумани озодандешон)

Истеъфои ду узви Шӯрои роҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик Ҳаким Рабимпур ва Равшан Темуриён аз он шаҳодат медиҳад, ки афкору андешаҳои аъзоён ва ҷонибдорони ин созмон саропо аз шиору даъватҳои  моҷароҷӯёна  иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Маротибаи дигар, раванди канораҷуии ҷонибдорони ин созмон шахсони ғафлатзада ва гумроҳшудагонро воқиф мекунад, ки дақиқтараш кирдору рафтори роҳбарон ва сарпарстони ин гурўҳ нияту мақсади холисона ва  пок нестанд.

Лозим ба ёдоварист, ки  дар Тоҷикистон қаблан аъзоёни  ташкилоти террористӣ  Ҳизби наҳзати исломӣ  ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ба ҷамъият хавфноки онҳо  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  шудаанд.  Ин нафарон бинобар содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум шудаанд.

Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ муайян шудааст, ки аъзоёни бахшҳои ин ташкилоти террористӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба иттиҳоди террористӣ шомил гардида, барои  иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, маҳкум гардидаанд. Магар ҷонибдорон ва гумроҳшудагон  аз ин воқеаҳо бехабаранд? Албатта хабар доранд, лекин “ҳавасмандкунии молиявӣ, шўҳратпарастӣ, кинаю буғси ботинӣ, ваъдаҳои пучи сарпарастони ин ташкилот” ақлу хиради онҳоро тира кардааст, аз ниятҳои нопоки роҳбару сарпарастони худ бехабаранд. Аксарияти чунин ашхос, ки аз сиёсати созандагӣ дар кишварамон дуранд,  пешравӣ ва рушди Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Тарафи дигари масъала, тибқи  Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994, моддаи 5-уми Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, инчунин қонунҳои ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва экстремизм чунин амали созмону гурўҳҳоро чун  ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф мекунанд. Лекин, то имрўз баъзе аз кишварҳои Аврупо бар хилофи санадҳои байналхалқӣ муносибатҳои духӯраро пеша карда, ба чунин ташкилоту созмонҳои қалбакӣ паногоҳ дода, сарпарастӣ мекунанд. Дар доираи манфиатҳои гурўҳии худ ин кишварҳо аз дастгирию пуштибонии омилҳои террористӣ рӯй намегардонанд, интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё зарурияти амалигардонии ин фаъолиятро асоснок менамоянд ё ҳақ  мешуморанд, нашрияҳо, ки зарурияти бартарии миллӣ ё нажодиро асоснок менамоянд ё ҳақ мешуморанд ё содир шудани ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисми ягон намуд гуруҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад ё ҳақ  мешуморанд, маблағгузорӣ мекунанд. Ин амалҳо дар зери пардаи “ҳимояи ҳуқуқи инсон” як намуди даъват ва шакли паҳншудаи таъсиррасонӣ ба шуур ва иродаи одамон бо мақсади моил кардани онҳо ба амалисозии фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, низои иҷтимоӣ  аст.

Маҳз чунин муносибати духӯра бо терроризм ва экстремизм имрўзҳо мардуми кишварҳои Кавказ, Осиёи наздикро ба низои мусаллаҳона ва бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Анҷумани озодандешони тоҷик ҳамчун созмони зертобеи ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун лӯхтак аз ҷониби роҳбари ин созмони ифротӣ истифода бурда мешавад.

Раҳматулоев А.Э. – профессори  кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like