Сўистеъмоли мухолифини давлат аз демократия ва озодӣ

Чанд рӯз қабл бо ибтикори бахши тоҷикии Радиои озодӣ дебат ва ё суҳбати рӯ ба рӯи ду нафар мухолифони ашадии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон доир гардид. Ровии барномаи “Гапи озод” Мирзонабӣ Холиқзода ҳар ду ҷониб роҳбари ташкилоти сиёсии “Ватандор” Додоҷони Атовулло ва роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабириро ба ҳам орад. Ин ду нафар равшанфикрони ба ном озодипараст айни ҳол дар хориҷӣ мамлакат қарор дошта, мақсадҳои нопок доранд. Таъкид ба маврид аст, ки пешниҳоди Додоҷони Атовулло оиди пахши мустақими барномаи мазкур аз ҷониби Радиои озодӣ ба инобат нагирифт. Ин амал зери парда будани барномаи мазкурро дарак медиҳад. Аз ҷавобҳо дур шудан ҷонибҳо ва якдигарро дашном додан боиси хандаи кас меояд.

Солҳои пас аз бадастории истиқлолияти давлатӣ нерўҳое дар ҷомеаи мо зуҳур намуданд, ки бо сўистифода аз демократия мехостанд манфиатҳои пасипардагии худро амалӣ созанд ва бо ин амали худ боиси зери суол рафтани арзишҳои демократӣ дар миёни мардум гаштанд. Яке аз чунин нерўҳо ТЭТ ҲНИ буд, ки бо истифода аз плюрализми сиёсии низоми демократӣ мехост мақсадҳои қудратталабии худро амалӣ намояд.

Аз рўзи аввали шурўи фаъолияти худ ТЭТ ҲНИ аз демократия сўистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ фарсахҳо дур мебошад. Агарчанде, дар ҳамоишҳои ҳарсолаи худ дар мавриди ченакҳои ҳуқуқи инсон САҲА ба иштироки ТЭТ ҲНИ монеъ намегардад, ё худ сарварону ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ аз демократия ва мардумсолорӣ сухан мекунанд, аммо чунин ҳолат баёнгари демократихоҳ будани ин созмон гашта наметавонад. Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки аз сўистеъмоли ТЭТ ҲНИ аз демократия дарак медиҳанд. Якчанд далеле меоварем, ки ТЭТ ҲНИ на танҳо аз демократия сўистифода менамояд, балки фаъолияти он ба арзишҳои демократӣ комилан бегона аст.

Аввалан, дар солҳои 90-ум, ки ТЭТ ҲНИ яке аз тарафҳои моҷаро буд фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекард. Муборизаи мусаллаҳонаи ин созмон барои ба даст овардани қудрат, ба гурўҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ ва табъиз нисбати дигарандешон, таҳаммулнопазирӣ ба нерўҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон, рў овардан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократӣ ва ғайримардумии ТЭТ ҲНИ дарак медод. Хусусан фаъолиятҳои ғайримардумии ТЭТ ҲНИ яке аз омилҳои дурӣ ҷустани мардум аз нерўҳои демократихоҳи он замон гашта буд. Фаъолиятҳои зиддимардумии ТЭТ ҲНИ дар он замон боиси беобрў шудани нерўҳои демократихоҳ дар ҷомеа шуданд, ки ин латмаи калоне дар роҳи демократисозии кишвар гашт.

Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд. Усулҳои сиёсие, ки онҳо бо баҳонаи демократия ба роҳ монда буданд, боиси рў гардонидани мардум аз арзишҳои демократӣ гаштанд. Аъзоёни собиқи ин ҳизб худ аз усулҳои зўригарӣ ва террор, ки ТЭТ ҲНИ истифода менамуд ёдовар шудаанд, ки аз моҳияти зиддимардумӣ доштани ин созмон дарак медиҳад. Барои мисол дар мусоҳибаи охирини худ Абдураҳим Каримов мулаққаб бо номи Мулло Абдураҳим  ёдовар шудааст, ки чи гуна нисбати нафарони дигарандеш дар дохили худи ҳизб амали террор сурат мегирифтааст.

Дигар ин ки пас аз ба имзо расидани сулҳ ва оштии миллӣ низ ТЭТ ҲНИ дар самти рушди демократия дар кишвар кореро ба анҷом нарасонид ва танҳо бо сўистифода аз низоми демократӣ ба танқиду сиёҳ намудани ҳукумати ҷумҳурӣ машғул буд. Агар саркардагони ТЭТ ҲНИ даъвои мардумсолорӣ ва демократӣ будан доранд, пас метавонанд бо мисолҳо баён намоянд, ки дар давраи фаъолияти осоишта дар ҳудуди Тоҷикистон чӣ корҳоеро баҳри таҳкими арзишҳои демократӣ ба анҷом расонидаанд? Онҳо ба ғайр аз танқиди ҳукумат ва мақомоти давлатӣ, пеш бурдани бизнеси худ ва қудратталабӣ боз чӣ фаъолияте баҳри осудагии мардуми кишвар намудаанд? Албатта, ин саволҳое мебошанд, ки ҷавоби худро металабанд.

Саввум он ки ТЭТ ҲНИ аз шурўи фаъолияти худ то ба имрўз як нерўи инҳисорталаб аст. Дар ҳама давраи фаъолияти худ ин созмон кўшиш намудааст, ки дар созиш (коалитсия) бо дигар нерўҳо низ инҳисор дошта бошад. Дар «Паймони миллӣ»-е ки ҳафтаҳои охир дар Аврупо аз ҷониби нерўҳои бо ном мухолиф таъсис шуд ТЭТ ҲНИ мавқеи инҳисор доштанро касб намудааст. Аксари созмонҳои вориди ин паймон гашта аз ҷониби ТЭТ ҲНИ созмон дода шудаанд ва комилан фаъолияти онҳо зери назорати он аст. Чунин ҳолат аз яккатозии ТЭТ ҲНИ дарак медиҳад. Дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна ҷомеа инҳисорталабӣ ва яккатозии нерўи сиёсие ба меъёрҳои демократӣ тавъам набуда, ғайридемократӣ ва ғайримардумӣ баҳогузорӣ ёфтааст.

Аз ин рў, шаҳрвандони кишвар, хусусан қишри ҷавон ва муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки ба популизм ва ваъдаҳои беасоси чунин нерўҳои сиёсие дода нашаванд ва ба қисми нақшаҳои зиддимардумии онҳо табдил наёбанд. Зарур мешуморем, ки онҳо ҳамеша зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро дошта бошанд.

Солиев Ш. Х. – сармуаллими

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like