Суханронии подарҳавои Муҳиддин Кабирӣ
Афсӯс дар ҷомеа афроде ба чашм мерасанд, ки озодӣ ба онҳо намефорад. Маломат, бадномкунӣ, беадолатӣ ва албатта хиёнат ба халқу меҳани худ ба гузаштагону бузургони худ номаи тӯҳмат зада мову халқи моро не, балки худу хешони худро ба коми фитнаву ҳаёти худро сияҳ месозанд. Танҳо таърих қодир аст, ки гузашта ҳаргиз фаромӯш намешавад. Хуб дар ёд дорем, ки солҳои бесарусомонии 90 – ум моро ба қадри озодӣ расидан ба қадри тинҷиву амонӣ расиданро дарси ибрат додааст.
Имрӯз хоинони ба фикри худ воломақом худ гурезаи меҳан гардида ба сару давлати тоҷдори мо оташи алангаро сар заданиянд.
Муҳиддин Кабирӣ дар сущбати онлайнии худ бо Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА, нуфузи Тоҷикистонро паст мезанад. Дар рафти баромади худ ӯ аз суханрониҳои худ дар соли 2012 –ро қиёс бо соли 2020 намуда сатҳи Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо қиёс намуда зикр намудааст, ки “тибқи гузориши “Экономист” соли 2012 мо ҷузъи 20-гонаи кишварҳои диктатурӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум оиди маълумоти озодии матбуот мо ҷои 120-ум ва дар соли 2020 ҷои 161, яъне 40 зина поён рафтем. Он сол мо дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо будем, имсол бо болотарин хол – 7 ҷузъи бадтаринҳо ҳастем”.
Ҳамин тариқа маълумотҳои манфии пойдарҳаворо ҷамъ оварда дар ҳама баромадҳои худаш калимаи “Мо”-ро истифода бурдааст. Аввал, ин ки агар худи ӯ яке аз ҷузъи “Мо” мебуд ӯ таҳқирона нисбати давлату сарвари он сухан намегуфт. Агар ӯ яке аз ҷузъи “Мо” мебуд набояд фаромӯш созад, ки Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба осонӣ Тоҷикистон нагардидааст. Он хоинони ватан, ки Тоҷикистонро ба як давлати исломӣ табдил дода мардумро маҳрум аз озодӣ сохтанӣ буд ва нақшаҳои манфии онҳо тарҳрезӣ нашудаанд худ гувоҳӣ онанд. Мумкин, буд ки ба сари қудрат наомадани Пешвои муаззами миллат мо дубора осмони соф, ашки шодии модаронро намедидем. Соли 1997 баъди баста шудани Созишномаи Сулҳу Ваҳдат мо боварии комил ҳосил намудем, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сулҳ овард, чи қадар мардуми фирориро ба Ватан боз овард. Сафарҳои Пешвои миллат ба давлати ноороми Афғонистон дубора собит намуд, ки ин ҷонфидоиҳои марди абардманд дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфи зарҳалин сабт хоҳад шуд.
Мардум чи мехоҳад? Пеш аз ҳама саломатӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда ва ман бо боварии том гуфта метавонам, ки ин орзуи халқи тоҷик, ки дар солҳои 90-ум ҳатто умед ҳам надоштем, ки ҳатто фикрҳо ҳам буд, ки ҳамчун давлати ҳамсоя Афғонистон, ки зиёда аз 40 сол озодиро надидааст боқӣ хоҳад мемонд.
Мо сангинтарин рӯзҳои эъмори давлатдории миллиамонро пушти сар карда, имрӯз ба сулҳу суботи сартосари расидаем, ки ин неъмати бебаҳо ва дастоварди нодири тамоми халқи тоҷик аст.
Ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвари маҳбуби мо собит менамояд, ки Тоҷикистон аз шарқи куҳан ба давлати ҳамешабунёд табдил ёфтааст. Мо бо Пешвои миллати худ фахр мекунем ва аз сидқи дил ҷонибдори ӯ ҳастем ва маъракаи интихоботро бесаброна интизорӣ кашида ба Пешвои арзандаи халқи худ овоз медиҳем!
Масъалаи экстремизм ва терроризам масъалаи муҳими аввалиндараҷаи глобалӣ ба ҳисоб рафта бо баробари дигар давлатҳои абарқудат Тоҷикистон низ мубориза бурда истодааст, ки ин ҷои пӯшидагӣ надорад. Сатҳи муҳоҷир кам гардида дарёфти кори доимӣ афзуда истодааст, ки ин натиҷа сатҳи гурӯҳҳои инфиродиро паст мезанад.
«Инсон бо тақдири нек ба олам меояд, аммо волидайн дар натиҷаи тарбияи нодуруст ўро ба роҳҳои гуногун ҳидоят менамоянд», ки ин гуфтаҳо ба Муҳаммад Ғаззолӣ тааллуқ дошта истифодаи ҳамин ҳикмат инҷо дуруст.
Пӯлотова М.А. – сармуаллимаи
кафедраи фанҳои ҷамъияти ДДҲБСТ