Ҳимояи арзишҳои соҳибистиқлолӣ

Имрўз мардуми Тоҷикистон шукрона аз соҳибистиқлолии Ватан менамояд. Аммо роҳе, ки душманони миллат аз ҷумла ташкилоти экстремистӣ  –  террориристии Ҳизби наҳзат интихоб кардааст роҳе  мебошад, қи мардумро ба  зулмат мебарад. Зеро ки сиёсате, ки онҳо таблиғ мекунанд сиёсати зўроварист, ифротгароист, ки дини мубини ислом онро маҳкум мекунад.

Президенти кишвар Чаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае, ки ҷанги хонўмонсўзи дохилӣ  боиси зарари  зиёди молию ҷонӣ гардида, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллати тоҷик хатари нобудшавӣ  таҳдид мекард, дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба ўҳда гирифт ва дар назди Парчам қасам ёд карда,  иброз намуданд, ки “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷбори берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда  ҳис  карда наметавонам”.

Боиси ифтихор аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон ин гуфтаҳои худро содиқона ва собитқадамона  собит  намудаанд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ  ва Пешвои воқеии  миллати тоҷик ҳастанд. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омадаанд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, то ки  ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳанд.

Хидматҳои  бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки Офаридгор чунин шахси шуҷову далер, равшанфикру маърифатпарвар, Пешвои ҷонсупору хидматпешаро насибаш гардонидааст. Хизматҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвар беназир аст. Ин шахсияти барозандаи таърих киштии тӯфонзадаи Тоҷикистонро ба соҳили мурод расониданд. Маҳз эшон нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур оварданд, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурданд.

Пешвои номвари миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намоянд, то ки аз шоҳроҳи он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва нерӯи солим дамад. Хидматҳои сиёсӣ ва раҳбарӣ ба давлати аз ҷониби ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Тоҷикистон дар шароити ҳассос ва муассири ҷаҳон номи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мондагор кард.

Бо вуҷуди нооромиҳо, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати  фавқулода  кишвари  азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат бурун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан  баргардонданд. Ин шахсият дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо обод гаштанд, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи  Эмомалӣ  Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосаро сазовор гашт. Бузургтарин дастоварди мо, пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Корномаву ҷасорати хосаи Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи сохтмони банду басти давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани сулҳу суботи комил ва якпорчагии Ваҳдати миллат, беҳдошти вазъи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ривоҷу равнақи тамаддуни имрӯзаи тоҷикон, сохтмонҳои азим ва иншоотҳои пуриқтидори саноативу энергетикӣ чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти нерӯманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор менамояд.

Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Аз ҳамватанон даъват ба амал меоварем,  ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда,  нагузорем, ки душманони миллат ватани азизу шукуфони моро ноором кунанд. Мо бояд имруз баҳри муттаҳидшави дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, кушиш ба харҷ дода, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини амнияти милли ҳушёр бошем!

Мирзоҷонова М.Қ. – н.и.ф., дотсент,

мудири кафедраи забони англиси ДДҲБСТ

You might also like