Тафакукури халқ иникосгари идеологияи сиёсӣ

Ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки имрӯз ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад. Ташкилотҳои ифротӣ  бо ҳар роҳу усулбо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, мехоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш менамоянд ва дар рафъи ин гуна зуҳуроти нафратовари ҷомеа, ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, инчунин баҳри нигоҳдории ҷони ҳар шаҳрванди кишвар аз ин гуна нафарони номатлуб кўшишҳои зиёде намуда истодаанд. Воқеаҳои солҳои 90-ум исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Ва расидан ба Ваҳдати миллӣ ин кори осон набуд. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад.

Қайд  кардан ҷоиз аст, ки дар шароити имрўза, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногун чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он  шуд, ки имруз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем.

Албатта донистани сиёсати имрўзаи ҷаҳон зарур ва мувофиқи мавқеъ аст. Ҳадаф дар он аст, ки мо – ҷавонон пеш аз ҳама мавқеи мафкураи сиёсиамонро нисбати вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ мушаххасан муайян карда бошем. Аз бекорӣ бисёр фикрҳои нодаркор ва ҳатто зараровар ва дар айни замон зиддиятҳои манфиатҳо ба миён омада, барои қонеъ гардонидани талаботҳои иловагӣ дар руҳияти инсон ба вуҷуд меояд. Аммо аз таҷрибаи зиндагии ҳар як шахс маълум аст, ки дар ягон ҷо кори бе дарду осон нест, ки бар ивази он музди бисёре муайян карда шуда бошад. Терроризм ва экстремизм ҳанўз чун хатарӣ  глобалӣ муаррифӣ шудааст ва ҳар гуна таҳлил ва омўзиши он як нитиҷаи ниҳоиро ба вуҷуд меоварад. Яъне расонидани зарар ба аҳолии осоишта, вайронкорию ғоратгарӣ ва дигар бисёр намудҳои зарарро мисол овардан мумкин аст, ки аз ҷониби онҳо нисбати қишри осоиштаи ҷомеа нигаронида шудааст.

Мутаассифона, фаъолияти онҳо дар ҳар гўшаву канори дунё ба амал омада истодааст, ки несту нобут ва решаканд намудани он яке ҳадафҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Гурўҳҳои террористӣ мехоҳад аз рўи таҳлилҳои воқеии худ ҷомеаро ба худ ҷалб намояд. Лекин не, он душманони миллат нахоҳад ба мақсадҳои манфури худ расид. Имрўз мардуми мо тафаккури баланд, соҳиби илму маърифат ва ба ҳар гуна ҳолатҳои гуногун баҳои ҳуқуқӣ дода метавонанд. Таърихи тоҷикон беш аз 5500 сола дошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани номи тоҷикон ва номи ватани азизамон Тоҷикистон мо то дараҷае кўшиш кунем ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас муаррифӣ намуда бошем.

Абдувоҳидов М. Р. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи

 соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like