Сиёсат ва ахлоқмеҳварӣ
Рўзҳои охир навиштаи муҳаққиқи тоҷик Абдуллои Раҳнаморо таҳти унвони «Чаро «наҳзати маърифат» ба наҳзати нафрат табдил шуд?» мутолиа намуда ба андеша фурў рафтам.
Мўҳтавои ин навишта ба он мавзўъ дахл менамуд, ки чи гуна дар сиёсат ширкат намуда, сиёсатзада нагардем, ҳамчун инсон боқӣ бимонем ва ба мавҷуди беҳисе табдил нашавем. Нуқтаи муҳимми баҳси муаллиф дар он буд, ки муносибатҳои инсониро фаромўш насозем ва арзишҳои инсонию тоҷикиро дар ҳама сурат нигоҳ дорем. Дар сиёсат ахлоқмеҳвар бошем ва барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз василаҳои номашрўъ ва бадахлоқона, туҳмату таҳқир, бадзабонию ҳақорат истифода насозем. Новобаста аз пайравии идеологӣ ҳамчун инсон боқӣ бимонем, ки арзиши муҳим ва ҳадафи муҳимми як ҷомеаи мардумсолор мебошад.
Дар шароити имрўза паст шудани сатҳи ахлоқмеҳварии сиёсӣ ба яке аз мушкилоти ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки як нерўи даъвогар ба номи «исломӣ» аз василаҳои ѓайриахлоқонае чун туҳмату таҳқир ва ҳақорат кор мегирад, аз мардумсолорӣ сухан меронад, аммо пойбандии хешро ба пос доштани каромат ва шарофати инсонӣ нишон намедиҳад. Албатта чунин ҳолати дуршавӣ аз ахлоқмеҳварӣ дар ҷомеаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки нерўҳои сиёсиро на ба самти муколамаи сиёсӣ, балки ба самти бархўрду набард ва фаъолиятҳои таҳрибкунанда таҳрик мекунад.
Матлаби навиштаи муҳаққиқ Раҳнамо хосияти фарогир дорад. Он ба ҳамаи мо, ба кулли ҳаммиллатон ва ба ҳамаи нерўҳои сиёсӣ дахл дошта метавонад, ки дар умури сиёсӣ меъёри ахлоқро нигоҳ дорем, фаъолияти хешро дар тарозуи ахлоқӣ бисанҷем, ҳангоми ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ба иззати нафси ҳамдигар нарасем ва аз василаҳои номашрўъ истифода насозем. Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи мо тадриҷан аз арзишҳои ахлоқмеҳварӣ дур мегардад. Фазои шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ бозўи чунин ҳолат аст, ки ба як майдони набарди шадид, майдони фаҳшгўӣ ва баддаҳонӣ, тўҳмату таҳқир ва беодобиву бадахлоқӣ табдил шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибҳои сиёсӣ ба сари якдигар борони ҳақорату фаҳшо мерезанд, якдигарро ба бадахлоқӣ муттаҳам месозанд, модару хоҳари якдигарро носазо мегўянд, ки аз доираи муносибатҳои инсонӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва имонӣ фарсахҳо дур аст.
Чуноне ки аз матлаби А. Раҳнамо бармеояд ҳатто донандаи хуби «Қуръони карим», ки бояд муаллими ахлоқ бошад ва ахлоқмеҳвариро сарманшаи фаъолияти хеш қарор диҳад омода аст нисбати дигарон фаҳш гўяд. Чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ аст.
Муаллиф дар матлаби худ аз таҷрибаи муносибатҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳум Абдуллои Нурӣ мисолҳо овардааст, ки дар ҳама ҳолат муносибати инсонӣ ва пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ аз баҳсу муҷодалаҳои сиёсӣ боло меистанд. Дар фазои муносибатҳо ва муборизаҳои сиёсӣ зарур мешуморем, ки доираи ахлоқӣ ва инсонӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Хусусан нерўе, ки худро исломӣ муаррифӣ мекунад ва каломашро бо номи Худованд шурўъ месозад ҳаққи маънавие надорад, ки дур аз ахлоқ амал намояд. Вақте як нерўи сиёсӣ худро «исломӣ» муаррифӣ мекунад ва барои ҳадафҳои сиёсӣ аз василаҳои номашрўъ истифода месозад, тамоми ҷомеаи мусалмонӣ аз ин рафтори онҳо ранҷ мебарад. Дар умум коста шудани обруву эътибори мусалмонон дар ҷаҳон то як андоза ба фаъолияти чунин нерўҳои сиёсии исломӣ рабт дошт, ки суханашон яку амалашон комилан дигар буд.
Дар шароити имрўза зарур мешуморем, ки ҳамагуна нерўҳои сиёсӣ (ТЭТ ҲНИ ва мухолифини дар хориҷа буда) дар фаъолияти хеш пойбанди арзишҳои инсонгароӣ ва ахлоқи некў бошанд. Бузургон ва пешгузаштагони мо дар эъҷодиёти хеш оид ба ахлоқи накў зиёд навиштаанд ва наслҳои имрўзии онҳоро зарур аст, ки пойбандии хешро ба ахлоқу одоби инсонӣ нишон диҳанд. Василаҳои бадахлоқона ва таҳқиру ҳақоратро канор гузоранд ва инсонмеҳварию ахлоқмеҳвариро пешаи хеш созанд. Насли миллати тамаддунофарро зарур аст, ки дар рафтору гуфтор ва амали хеш аз муносибатҳои мутамаддин истифода намояд на аз василаҳое, ки рўҳи гузаштагонро нороҳат ва худи миллатро парешону беобурў мегардонанд.
Солиев Ш.Х. – н.и.с., сармуаллими
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ