Табрикоти ректори ДДҲБСТ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони гиромӣ!

Донишҷӯёни азиз!

Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар фазои рӯҳбаландии беназир аз дастуру ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои  мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, махсусан  яке аз соҳаҳои муҳим ва калидии кишвар – маориф  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамоянд.  Боиси сарфарозист, ки ҷашни муқаддаси миллиамон ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии бузургдошти  Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки  дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил мегарданд, рост омад.

Истиқлолият волотарин дастоварди давлату миллати тоҷик,  нишонаи ҳуввияту озодӣ, рамзи саодат ва шарти бақои давлату миллат  буда,  имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намоянд ва ба дастовардҳои беназир комёб гарданд.

Воқеан, 29  соли  Истиқлолият  давраи рушду камоли  миллату  давлат  буда, дар  дили  ҳар  як  фарзанди  бонангу  номуси   Тоҷикистон  оташи меҳр,  ҳамдиливу  ҳамфикриро  фурӯзон  нигоҳ  дошт  ва  умеду  эътимодро  ба  фардои  дурахшони  Ватан  дучанд намуд.

Истиқлолият соҳаи маорифи кишварро ба зинаҳои баланд баровард ва ба манзалату мақоми шоиста ёфтани он мусоидат кард.  Дар назди ҳамаи мо вазифаи басо пурмасъулият – омода намудани мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт.  Ба ин васила, донишгоҳ ҳамчун самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим ва ба ин васила таъмини дурнамои рушди устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.

Раёсати донишгоҳ дар доираи эълон гардидани  солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки  дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид,  дар соли хониши 2020-2021 барои тақвияти корҳои  илмию таҳқиқотии устодону донишҷўёни донишгоҳ дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ маблағ  ҷудо намуд.  Дар ин росто, мо  бояд барои дар сатҳи  зарурӣ ба донишҷўён омўзонидани илмҳои дақиқ, ташаккули тафаккури техникии ҷавонон, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар ин самт, дучанд саъю талош намоем.

Зикр кардан бамаврид аст, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои буҷетӣ анозаи нафақа ва стипендия” аз 04.08.2020 ба тасвиб расид. Дар иртибот ба фармони мазкур  аз 01 сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандону устодон ва  стипендияи раёсати донишгоҳ  ба андозаи  15 фоиз зиёд гардид.

Маъракаи имсолаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ барои боргоҳи саодати маънавиямон қаноатбахшу бобарор буд. Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 39 ихтисос дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ  зиёда аз  ду ҳазор нафар ҷавонони саодатманд шарафи дар ДДҲБСТ таҳсил намуданро дарёб карданд, ки  ин афзоиш асосан аз ҳисоби эътибори бештар ба фанҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ имконпазир шудааст.  Инчунин, қабули донишҷӯён барои идомаи таҳсил, гирифтани маълумоти олии дуюм, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва  докторантура назаррас аст.

Дастоварди  дирӯзу имрӯзи  донишгоҳро аз шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу суботи кишвар  ва  саҳми Шумо – устодон ва донишҷӯёни азиз арзёбӣ менамоям.  Аз дастовардҳои Истиқлолият ёдовар шудан ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд.

Итминони комил дорам, ки дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо кору пайкори нек боз ҳам заҳмат кашида, дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон  саҳм мегузорем.

Дар ин айёми фараҳбахш ва фаромӯшнопазир Шумо – устодону  кормандон ва донишҷӯёнро ба  муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори босаодат, камолоти эҷодию маънавӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиатон комёбиҳои рӯзафзун таманно дорам.

You might also like