ОҒОЗИ ҲАФТАИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ДАР ДДҲБСТ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи кафедраи молия ва қарз оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ҳафта муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия Ҳомидзода Ф. ва оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Т. иштирок намуда, вобаста ба аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими малакаҳои касбии донишҷӯён суханронӣ карданд.
Мудири кафедраи молия ва қарз Каримова М. низ зимни баромади худ доир ба ҳадафу вазифаҳои ҳафтаи кафедра ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар доираи он баргузории конференсияҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар ва мулоқоту вохӯриҳо бо мутахассисони соҳибтаҷриба пешбинӣ гардидааст.
Ҳадафи асосии баргузории ҳафтаи кафедра тақвияти донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, баланд бардоштани завқи онҳо ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳаи молия ва қарз мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




