Идомаи корҳои поккорӣ дар ДДҲБСТ
Ҳар рӯзи шанбе аз субҳи барвақт баромадан ба шанбегӣ байни кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.
Ин навбат, дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 5-6 сентябри соли ҷорӣ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба ҳашар баромаданд.
Дар ин рӯз кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ даромадгоҳу роҳрав ва канори роҳу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯю партовҳо тозаву озода карданд, ки ба зебогии донишгоҳ ҳусну таровати дигар зам кард.
Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан аз амалҳои нек дониста шуда, дар муттаҳидсозии аҳли донишгоҳ ва дӯст доштани ҷойи кору сарзамин ва давлату миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



