Дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати илми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар китобхонаи илмии донишгоҳ бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзўи «Дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон» озмуни  иншои беҳтарин баргузор гардид, ки дар он 22 нафар донишҷўён аз факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Комиссияи озмунӣ корҳои ҷамъшударо тафтиш намуда, ғолибонро муайян кард.

Ҳамин тавр, ҷойи якум насиби Нарзуллоева Маҳлиёхон – донишҷуи курси 2 факултети ҳуқуқшиносӣ гардид. Аҳмадова Рухшонабону донишҷўи курси 1 факултети ҳуқуқшиносӣ  ва Абдуллоев Зикрулло – донишҷўи курси 1 факултети сиёсатшиносӣ ва МБ сазовори мақоми дуюм ва Бобоева Маҳҷабин – донишҷўи курси 2 факултети молия, Саиди Абдуллохон- донишҷўи курси 1 факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамчунин ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостон дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, озмунҳои иншои беҳтарин байни донишҷуёни ихтисосҳои гуногуни факултет гузаронида шуд. Озмунҳо “Истиқлолият неъмати бебаҳост” ва “Саразм-муаррифгари миллати тоҷик” унвон дошта, дар он донишҷӯёни соли аввал Зулайхо Буриева ва Шаҳрбону Мирсаидова сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Ғолибони озмунҳои факултетиву донишгоҳии озмуни иншои беҳтарин аз тарафи раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳадафи баргузории озмунҳои мазкур эҳтирому арҷгузории санаҳои муқаддасу таърихӣ, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанг ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии миллӣ арзёбӣ карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like