Интихобот-падидаи ҷомеаи демократӣ
Санаи 1 сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.
Нахуст дар чорабинӣ муовини ректори донишгоҳ Мубина Хоҷаева дар мавриди интихобот ва нақши он дар болоравии сатҳи камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа изҳори назар карда, меҳмонони чорабиниро муаррифӣ кард.
Сипас дар идомаи вохӯрӣ коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони раёсати адлия, РВКД ҶТ дар вилоят ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд атрофи мавзӯъҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ”, “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он” ва дигар паҳлуҳои мухталифи мавзӯи матраҳшаванда ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.
Ҳамин тариқ, иштирокчиёни чорабинӣ аз маърӯзаҳои ироашуда таассуроти хуб бардошта, ба намояндагони Комиссияи болозикр ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани чунин вохӯриҳои судманд минатдории худро баён намуданд.








