Сенарияи Украина дар Белорус
Васоити ахбори омма ва алалхусус шабакаҳои интернетӣ ҳамчун воситае баромад менамояд, ки шуури омма ва афкори шумораи зиёди мардуми аз ин шабакаҳо истифода барандаро ташаккул медиханд ва барои баҳодиҳии шахс ба ин ё он воқеа таъсири бевоситаи худро мерасонад. Ин падида солҳои охир беш аз пеш қудрату имкониятҳои худро собит намуда истодааст.
Агар шабакаи интернетиро аз рўи таъиноти созанда истифода баранд он метавонад барои баланд намудани маърифати тамоми ҷомеа ва шахсони алоҳида кўмаки худро расонад. Вале ин хел нест ва таъиноту зарурати истифодашавии шабакаи интернетиро гурўҳ ва давлатҳои алоҳида бар манфиатҳои ғаразноки худ, манфиатҳои сиёсати глобалӣ истифода мебаранд. Масъалан, бо мақсади таъсиррасонӣ ба ҳукумати мамлакатҳо қувваҳои беруна маълумотҳои бардурўғ, хаёлӣ ва беасосро сохта баромада, шаҳрвандони ин мамлакат ва нафарони берун аз мамлакат қарор доштаро ба гумроҳӣ меандозанд, ки дар натиҷа донаҳои нобоварӣ ва фазои бадбинии мақомоти давлатӣ ва элитаҳои сиёсии ин мамлакат ба вуҷуд меояд.
Чунин рафтор дар фазои собиқ шуравӣ хеле бисёр ба чашм мерасад. Мамлакатҳое, ки манфиатҳои геосиёсии худро дар минтақа доранд, новобаста ба шароити воқеии ин кишвар, сатҳ ва сифати зиндагии шаҳрвандони он, нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи худро бо ҳар роҳу усули дастраси худ пиёда намуда истодаанд.
Мисоли чунин таъсиррасонии беруна воқеаҳои дар Ҷумҳурии Беларус гузашта истода ба ҳисоб меравад. Баъд аз он ки Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихоботи Беларус, макоми марказии идоракунии рафти интихобот дар ин давлат, натиҷаи интихоботро эълон намуд, қувваҳои дар интихобот бохтнамуда мардумро барои норозигӣ ва тазоҳуроти мухолифон пас аз эълони пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи президентӣ ба кўчаҳои мамлакат даъват намуд.
Кишварҳои ғарбӣ бесаброна дар интизори табдил шудани Беларус ба Украинаи дуюм ҳастанд, то мавҷи “инқилобҳои ранга”-ро мустақим ба марзҳои Россия кашанд ва қадаме ба орзуи деринаи худ – роҳандозии инқилоб дар худи Россия ва пора-пора кардани ин рақиби бузург ва қудратманд наздиктар шаванд. Бар ин асос Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои алоҳида, монанди Британия натиҷаи интихоботро дар Беларус ғайривоқеӣ дониста, бар табли шодии худ ҳар рӯз қавитар аз рӯзи гузашта мекӯбанд ва тазоҳургаронро бо ҳар роҳ ташвиқ менамоянд (дақиқан ҳамон саҳнаҳое, ки 7 сол пеш дар таҳаввулоти ҳамсони Украина медидем ва оқибати онҳоро ҳам имрӯз дида истодаем).
Ин дар ҳолест, ки дар қиболи чанд ҳазор нафар мухолифони Лукашенко чандин миллион нафар сокинони ин кишвар аз Президент пуштибонӣ мекунанд.
Ҳамзамон, кишварҳои минтақаи мо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таҳаввулоти Беларусро бо ҷиддияти том пайгирӣ менамоянд. Ин кишварҳо, ки аз чунин ҳаракатҳои оммавии аз берун тарҳрезӣ ва идорашаванда дар мисоли Гурҷистон, Украина ва ҷаҳони араб чизе ҷуз вайронӣ, оворагӣ, шикасти назму тартиб ва уфти шадиди иқтисодӣ надидаанд, нигарони ояндаи ин таҳаввулот ҳастанд. Нигарони ояндаи кишвар ва мардуме, ки бо он 70 сол зиндагии муштарак доштанду нисбат ба сарнавишти мардуми он бетараф буда наметавонанд.
Барои ҳамин мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаҳои дар кишвари Беларус рух дода истодаро пайгирӣ намуда, муносибати худро нисбати рафтори гурўҳи муайяни нафарон ва хоҷагони берунмарзии онҳо қатъиёна баён менамоем ва онро маҳкум месозем, зеро ба ҷузъ аз харобӣ ва бўҳрони сиёсивў гуманитарӣ он дигар ягон оқибатро ба вуҷуд намеорад.
Бигзор кишварҳои барангезанда ин бўҳрон дохили давлатҳо худро ба сомон дароранд, охир муаммоҳое, ки он ҷо ҳаст (табъизи ҷажодӣ, нобаробарии одамон, хуруҷи бемисли бемории сирояткунандаи ковид 19 ва ғ.) муаммоҳое дониста мешаванд, ки халли фаврӣ ва дастаҷамъонаи байналмилалиро талаб менамояд. Пас даст задан ба ҳалли ин муаммоҳо бояд зарурати аввалияи ин кишварҳо бошад, на дахолат ба корҳои давлати дигар ва ишора намудан ба ташкил ва тарзи идоракуниву дигар масъалаҳои дохилии конститутсионии онҳо.
Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ