Кабирӣ ва таҳлилгарони ба номи ӯ

Имрўзҳо бадхоҳони миллат ва давлати тоҷик ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ худро ба ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ ҳодисаҳои сиёсии давлатҳои дигарро низ таҳлил ва баҳогузорӣ менамоянд, ҳоло он ки таҳлил намудан, баҳо додан, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар аз рўи меъёрҳои ахлоқ ва ҳуқуқ нораво мебошад.

Дар ёддошти кутоҳӣ худ Сайидюнуси Истарашанӣ вазъи сиёсии имрўзаи Ҷумҳурии Белорусияро ба Тоҷикистон монанд дониста баъзе фикру андешаи худро баён намудааст, ки умуман ба мантиқ, ба воқеият, ба ақли солими инсони комил ва беғараз мувофиқат намекунад, зеро фарқ миёни таърихи ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ, рўзҳои аз сар гузаронидаи мардум, муносибати роҳбарияти сиёсии кишварҳо ва муҳимтар аз ҳама эътиқод ва эътимоди аҳолии кишвар ба Президентҳои худ аз замин то осмон мебошад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигар афроди ҳамфикру ҳаммаслаки ў имрўзҳо бо истифода аз вақти мусоид, яъне дар арафаи интихоботи дар пеш истодаи Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама қувва ва имкониятҳои худро истифода мебаранд, ки ба ҷараёни ташкил ва баргузории он то қадре бошад ҳам таъсири манфии худро расонанд, мардумро ба гумроҳӣ баранд, мақсаду ҳадафҳои зархаридҳои дар хориҷа қарордоштаи худро ба иҷро расонанд. Аммо борҳо таъкид намуда будам боз такрор менамоям, ки халқи тоҷик, яъне тамоми халқияту миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва умр ба сар мебурда имрўз ба туҳмату буҳтону суханҳои бофтаи хоинони миллати тоҷик аҳамияте ҳам намедиҳанд, хубро аз бад, сиёҳро аз сафед, туҳматро аз ҳақиқат фарқ мекунанд ва дар ин рўзҳои барои давлату миллат зарурӣ дучанд ҳушёру зирак гашта манфиатҳои давлат, миллат ва халқи Тоҷикистонро аз чунин афроди нохалаф, бадхоҳ, хиёнатгари миллату давлати худ ҳимоя менамоянд.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқоли Тоҷикистон то имрўз якчанд маротиба интихоботи Президентӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни ин интихоботҳои қаблан гузашташуда намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, нозирони байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзиданд ва ба кори  Комиссияи Марказии интихобот, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ягон эроди ҷиддӣ нагирифтанд ва натиҷаи интихоботҳоро инкор ва зери шубҳа қарор надодаанд.

Имрўз чунин шахсияти бесавод, иғвоангез, хиёнатгари давлату миллат, зархариди душманони миллати тоҷик бо ном Сайидюнуси Истаравшанӣ ба сиёсати калони байналмилалӣ даст зада вазъи сиёсии давлатҳои дигарро ба Тоҷикистон шабоҳат дода мардумро ба таҳлука ва фикрҳои гуногун мебарад.

Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии қавӣ иброз медорам, ки интихоботи санаи 11 октябри соли равон баргузор мегардида ба монанди интихоботҳои пештара дар фазои тинҷу ором, якдигарфаҳмӣ дар доираи Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешавад ва халқи тоҷик номзади арзандаи худро интихоб менамоянд.

Масъалаҳоеро, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорусия гуфта гузаштааст умуман робита, алоқамандӣ ва ба якдигар наздикие надорад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун Президенти сулҳовар, ташаббускори масъалаҳои глобалии байналмилалӣ ва дар дохили кишвар ҳамчун Президенти мардумӣ, ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои давлат, миллат, мардуми шарифи Тоҷикистон эътироф гардидааст ва тамоми қишрҳои ҷомеа тарафдори сиёсати пешгирифтаи Президенти худ буданд, ҳастанд ва мебошанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки чунин ҳодисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сар намезанад, зеро халқи тоҷик дигар рўзҳои даҳшатноки дидаи худро такрор кардан намехоҳад.

Қобилов Б.Қ.н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

 ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like