Мардуми тоҷик дигар гумроҳ нахоҳад шуд (вокуниш ба гуфтаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Имрўзҳо боз ҳам дурўғгўии аъзоён ва ҳаммаслакони собиқ ТЭТ ҲНИ ҳамарўза дар ВАО интишор гардида, симои аслии онҳоро байни ҷомеа нишон дода истодаанд. Мақсад ва кўшиши онҳо боз расидан ба ҳадафҳои худ ки боз як бори дигар табадуллоти Тоҷикистонро ба даст ордан аст. Бо ин васила аз ҳар гўшаву канори дунё ба тариқи расонаҳои ахбори омма баромад карда, пушту паноҳ, такягоҳ бурданро бо созмонҳои хориҷӣ бурда истодаанд.

Бо мурури замон сабабгор ва пуштибони ҷанги шаҳрвандӣ дар ватани сулҳу ободи мо кӣ будаасту чӣ мақсад доштааст, муайян гардид. Аз ҷумла баъди тамошои филми мустанади “Хиёнат”.

Маҳз қобилияти баланди Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки вазифаҳои дар назди худ гузоштаашонро  амалӣ карданд ва карда истодаанд. Дар муддати хеле кўтоҳ дар кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта амнияти ҷамъиятӣ  таъмин гардид, ризоияти миллӣ ба даст омаду сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон пойдор гардид.

Бо ин мақсад, бояд зикр кард, ки тибқи моддаи 5 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, ки дар давлати соҳиб истиқлоли мо дар ҷои якум қарор дорад, ки ҳар як мақомоту сохторҳо инро ба назар мегиранд.

Умуман халқи тоҷик қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, некиву ғамхориҳои шабонарўзии беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки арзандаи идомаёбандаи ояндаи миллату нажоди тоҷик гиромӣ дошта, мешавад намемонад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа равад.

Бояд зикр кард, ки дар номаи худ Сайидюнуси Истаравшанӣ халқи тоҷикро бо дигар давлатҳои ба мо бегона ва тамоман дигар Белорус баробар карданист. Аммо ин фикру ақидаҳои ғараз ва бадхоҳонаи Кӯри Юнус  ба миллати тоҷик, ки воқеаҳои пурфоҷеаборро солҳои навадуми асри гузашта аз сар гузаронидааст такрор нахоҳад кард. Зеро ба давлати шукуфтаистодаи мо ягон ҳизб ё хоинони давлат халал расонида натавониста аз дур сухан мекунанд.

Аҳли ҷомеа бояд дарк намояд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани ин гуна тоифаҳо ба монанди Сайидюнус бо лақаби Кӯри Юнус оқибати ҳам гуна кирдорҳои хавфнок дошта, решакан намудани  фаъолияти ин тоифа шахсон вазифаи ҳам ҷомеа ва ҳам давлат ва ҳам шахрвандон аст, ки ҳаёти осоиштаи мо халалдор нагардад.

Кабирзода Г.Қ. – сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like