Дарси ибрат!
Халқи ботаҳаммули Тоҷикистон ва ваҳдати миллии он дигар намегузорад, ки ба бетартибӣ ва низоъи дохилӣ роҳ дода шавад. Мардуми осоиштиаи мо дигар ба бавуқуъ омадани ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта роҳ намедиҳад. Халқи мо дигар пойбанди фиребу найранги бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо намешавад. Мардуми Тоҷикистон хизматҳои “шоистаи” наҳзатиёну дигар пайравони онҳоро, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба халқи Тоҷикистон раво донистанд, хуб дарк менамояд ва чеҳраи аслии ин тоифаро хеле хуб мешиносад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин бадхоҳони давлати мо ҳоло ҳам аз халалдор сохтани оромӣ ва амният дар Тоҷикистон даст накашидаанд. Бо супориши хоҷагони хориҷии худ ва маблағгузории онҳо виҷдон ва ҳуввияти миллии худро фурухта ҳама корро баҳри ноором сохтани фазои орому осоиштаи кишвари маҳбуби мо анҷом медиҳанд. Мақолаи мубаллиғи наҳзатиён Сайидюнуси Истаравшанӣ бо номи: “Таҳаввулоти Белорус ва таъсири он рӯи мақомоти тоҷик пеш аз интихоботи пеши рӯ” кӯшиши навбатии ин бадхоҳон ҷиҳати мураккаб ва нотинҷ нишон додани вазъият дар Тоҷикистон, бо мақсади ноором сохтани суботу амният дар кишвари мо мебошад. Албатта ин найрангҳои Сайидюнуси Истаравшаниро мардуми мо хуб дарк менамоянд, аз мақсадҳои нопоки ў ва ҳаммаслаконаш хуб огаҳ ҳастанд ва намегузоранд, ки ин тоифаи шахсони бадхоҳ бетартибии оммавиро дар кишварамон бавуқуъ оранд.
Он зиёни моддӣ ва маънавие, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ба аҳолии Тоҷикистон расонида шуд як дарси бузурги ибрат баҳри дигар роҳ надодан ба бетартибии оммавию халал ёфтани амнияти давлат маҳсуб меёбад. Чунин хатои маҳзро халқи тоҷик набояд дар тўли мавҷудияташ такрор намояд ва мо фикр менамоем, ки ин хитоб бояд шиори ватандўстии ҳар як сокини Тоҷикистон бошад.
Ҳоло, ки марҳилаи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, гуруҳҳо ва афроди манфиатҷуй аз ҳар усулу воситаҳо истифода намуда, мехоҳанд фаъолияти ҳокимияти давлатии амалкунандаро ноком нишон дода боварии халқро ба сиёсати пешгирифтаи давлат, ки сирф инсондустона ва иҷтимоӣ мебошад, коста гардонанд. Вале ҳақиқат ин тавр нест, идоракунии самарноки давлатӣ ва пешрафт дар самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ гувоҳи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат дар амали сохтани идоракунии давлатӣ маҳсуб меёбад. Ин воқеиятро халқи Тоҷикистон хеле хуб дарк менамояд.
Ҳамаи ин дастовардҳо, аз ҷумла, ободониву созандагиҳоеро, ки имрўз халқи Тоҷикистон ва кишвари азизамон, дар муддати барои таърих кутоҳтарин, ноил гаштааст бояд қадр кард. Дар ҳақиқат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар рушди мутаассил ҳастанд. Чи тавре, ки мегўянд: “он чи, ки аён аст – ҳоҷат ба баён нест”.
Хулоса, имрўз шуури сиёсии устувори шаҳрвандони Тоҷикистон ва пойдории ваҳдати миллӣ дар кишвар омили асосии мустаҳкам гардидани амният ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Ин оромиву суботро ҳеҷ гуруҳ ва ё афроде наметавонанд халалдор намоянд.
Боварӣ дорем, ки тамоми мардум дар пайравӣ ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, Тоҷикистон – Ватани азизамонро ҳимоя намуда, барои боз ҳам шукуфоии он саҳми худро мегузоранд. Сенарияи Украина, Гурҷистон, Қирғизистон ва инак Белорус ҳеҷгоҳ дар мо амалӣ намешавад. Нақша нияти сиёсӣ бадхоҳон шикаста мешавад.
Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ