Форуми дуввуми байналмилалии тиҷорат оид ба рушди рақамисозӣ ва Конфронси якуми ҷаҳонии тиҷорати электронӣ (Хитой)

18 август, Форуми дуввуми байналмилалии тиҷорат оид ба рушди рақамисозӣ ва аввалин конфронси ҷаҳонии тиҷорати электронӣ бо ташаббуси Кумитаи махсус оид ба иқтисодиёти рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ дар назди Ҷамъияти таҳқиқотии СУС (Созмони Умумиҷаҳонии Савдо) дар Чин бо Маркази созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором ва маркази инноватсия ва рушди тиҷорати байнисарҳадии электронӣ ва рақамӣ бо роҳбарии Ташкилот ва Ассотсиатсияи радиову телевизиони Чин баргузор шуд.

Президенти Ассотсиатсияи таҳқиқотии Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратии Чин Чонг Куан, Президенти Федератсияи созмонҳои ҷамъиятии радио ва телевизиони Чин Фан Вейпинг ва Раиси Ҷамъияти тиҷорати байналмилалии Чин Ҷин Сю дар конфронс иштирок ва суханронӣ карданд. Дар форуми мазкур инчунин роҳбарони бахшҳои гуногуни вазорати савдо, коршиносон, олимон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳоро ба таври онлайн даъват шуда буданд. Профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, ҳамчун намояндаи ДДҲБСТ баромад намуд.

Конфронс аз ду ҷаласа иборат буд. Дар ҷаласаи аввал, коршиносон асосан раванди (тамоюлҳои)  рушди рақамисозии тиҷорати байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ҷаласаи дуюм машваратҳои илмӣ олимон, намояндагони палатаҳои савдо ва роҳбарони корхонаҳо тиҷоратро дар бораи имкониятҳои тиҷорати электронӣ таъмин кард. Дар ин бахш профессор Бобоҷонов Д.Д. дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои рақамисозии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад кард.

Инчунин дар конфронс ба масъалаҳои савдои ҷаҳонӣ дар замонӣ сирояти коронавирус ва платформаҳои нави тиҷорати электронии ҷаҳонӣ ва раванди (тамоюлҳои) нави тиҷорати рақамӣ диққати махсус зоҳир карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like