Худотарошии пирони наҳзат
Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии ”пирон” ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебаранд.
Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти миллӣ тамоми гурўҳи ҷиноятӣ то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва аъзои он ба вуқуъпайвастаро бахшидаанд ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозат додаанд. Ҳизби наҳзати исломӣ бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд.
Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи хуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амалҳои террористии содиқ намудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Ҳадафҳои зикршуда назди мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби ба баста шудани ин ҳизб соли 2015 гардидаанд.
Манъи фаъолияти ҳизб бо назар дошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ дошта задани раёсати ин ҳизб (махсусан дар шахси Кабирӣ) ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб ба ҳукми Суд олии мамлакат ТЭТ ҲНИ ҳизби террористӣ эълон шуд. Баста шудани ТЭТ ҲНИ пеш аз ҳама ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зурӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар солҳои охир нишон дод, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динӣ дошта» бисёр мушкил мебошад. Зеро дар шароити дур будан аз фазои Тоҷикистон, наҳзатиён муҳоҷиронро туъмаи асосии худ қарор дода буданд.
Имрӯз коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ин онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чуноне ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ – сиёсӣ ва дигар ахборотҳои сохторҳои қудратӣ маълум гардид, дар ҷумҳурӣ 14 – гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудратӣ маҳв гардида.
Бояд қайд кард, ки наҳзатиён таъсири худро инчунин дар байни муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Аврупои низ мерасонанд. Баъзе аз нафарони тоҷики муқими Аврупо, ки узви ТЭТ ҲНИ мебошанд, бо баромадҳои худ дар расонаҳои интернет, мехоҳанд дар бораи сиёсати имрўзаи Тоҷикистон мардумро гумроҳ созанд. Дар яке аз ин расонаҳо дар саҳифаи фейсбуки худ, Вайсиддин Одинаев ба ном фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст.
Мо – устодону омӯзгорон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Ва ҷавононе, ки ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ мебошанду аз сарзамини Тоҷикистон дур зиндагӣ менамоянд, даъват менамоем, ки аз фикрҳои нодурусти худ даст кашанд ва иқдомоти эътирозии таънакунии худро низ ба итмом расонанд. Зеро имрўз мо тоҷикон дар сарзамини сулҳу осоишта зиндагӣ ба сар бурда истодаем. Диёрамон тинҷу ором ва мамлакатамон зебову шукуфон аст.
Муродова М.Н. – сармуаллимаи кафедраи
фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосири ДДҲБСТ