Оҷизии қалам ва чашми нотавонбин аз шукуфоии Суғдзамин
Бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати комил, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як кишвари биҳиштосо табдил ёфт. Корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифта, симои шаҳру деҳотро ба куллӣ тағйи дод. Дар раванди корҳои ободонӣ бо ташаббуси шахси меҳанпарасту меҳнатдўст, роҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳру деҳоти ин минтақа низ ба як гўшаи зебоманзари ватанамон табдил дода шуд. Имрўз, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он бемайлон рушд меёбад.
Таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, таҷдиду тармими роҳҳо ва даҳҳо корхонаи нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои замонавӣ симои шаҳру деҳоти вилояти Суғдро зебо гардонда, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ боиси таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мегардад.
Табиати Суғд нотакрору мардуми заҳматқарину соҳибмаърифаташ мероси бойи таърихиву фарҳангӣ доранд. Имрўз мардуми сарбаланди суғдзамин аз файзи ваҳдату ободии ватан оромиши қалб доранд. Дар қатори сокинони мамлакат кору пайкори мардуми фарҳангсолори суғдро таҳти сарварии Раҷаббой Аҳмадзода татбиқи ҳадафҳои созандаи кишвар баҳри зиндагии шоиставу сазовор ташкил медиҳад.
Аз зебогиву шукуфоӣ ва осудагии мардуми сарбаланди кишвар ҳарф мезанаму нисбати хоини миллате, ки дар Ватан ба камол расидаву нону намаки миллатро хўрда, ба миллати худ хиёнат мекунанд, нафратам дучанд мегардад. Маҷбур мешавам, ки ҳарфе ки барои навиштани номи бадзоти ифротиён ҳайф медонам, бинависам. Бахусус, номи Муҳаммадиқболи Садриддин. Ба ростӣ он чизе, ки роҳбари сомонаи “Isloh.net” Муҳаммадиқболи Садриддин менависаду дар сомонаи ифротиаш мемонад, ба сарфи вақту кам кардани нури чашм намеарзад. Чунки, навиштаҳояш бесаводона, пур аз тўҳмату бўҳтон, дурўғпадозӣ ва бе факту далел, ки табъи касро хира месозад. Садриддин дар сомонаи мазкур навореро омода карда ҷой додааст, ки инъикосгари зебогии Суғд аст. Аммо матни наворҳо бар хилофи он. Наворҳои дилчасп аз шукуфои Суғд, вале гузориши матн савсатаҳои бардурўғ. Матни хилофи навор водор сохт, ки ба ин хоинони давлату миллат ва ҳаммаслаконащ, ки бо амалкардҳои хеш мехоҳанд давлату миллати тоҷикро ба нестӣ баранд, лаънат хонам. Боз ҳам лаънат ба Садриддину садриддин баринҳо, ки бо разилӣ ба ному зоти поки тоҷик иснод меоранд.
Аз матни навор бармеояд, ки аз ободии як гўшаи ватани зебоманзарамон – Суғди бостонӣ қалби нависандаи курсаводи сомонаи “Isloh.net” Муҳаммадиқболи Садриддин ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Бо дили сад пораи ватангадоӣ танқиду таҳқири Сарвари олимақоми вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро роҳи халосӣ ва табобат аз чунин маризӣ ҳисобидааст. Не. Дарди ў табобатнашаванда аст. Табибони қаҳрамон тавонистанд ҳазорҳо-ҳазор беморони вазнинро бар асари коронавирус шифо бахшанд, вале на табибон на каси дигар метавонад тафаккури ифротгароёнаи наҳзатиёнро муолиҷа намояд. Зеро, мақол аст, ки “Чизе ба хун даромадааст, ба ҷон мебарояд”. Садриддин ба маризии муолиҷанашавандаи нотавонбинии давлату миллат сироят ёфтааст, ки бо ҷон мебарояд!
Тамоми маводи сомонаи “Isloh.net”, ки Муҳаммадиқболи Садриддин таҳия ва нашр мекунад, бемантиқу бесаводона буда, ифшогари босмачигарии авлодист.
Дар тани хоинони ватанфурўши наҳзатиҳо хуну номуси тоҷикӣ нест. Асли онҳо аҷнабист. Тоҷикон тоҷдору тоҷваранд. Инҳо бегонагони хордоранд. Агар асли хешро мешинохт Муҳаммадиқбол дар гузориши наворҳои зебо аз таърихи миллати тоҷик, ки дар тӯли таърих бобати пойдории асолати миллӣ роҳи муборизаи хешро ҳеҷ гоҳ тарк накард, менавишт. Аз қаҳрамониҳои Спитамен ва муборизаи ӯ зидди истилогарони юнону мақдуниҳо, муборизаи беамони Темурмалик ва зиддияти ӯ бар муқобили муғулҳои вар-вар, Маздак ва муборизаи ӯ бар зидди бодиянишинони араб ва чандин сарсупориҳои фарзандони миллати тоҷик ҳарф мезад. Ватандор несту эҳсоси нангу номуси ватандорӣ надорад. Навиштаҳои ў алангаи қалби нотавонбинаш аз ободии ватани ҷоноҷони мост.
Тоҷикон аз қадим соҳиби давлат, тамаддун ва фарҳанг буда, хиради азалии ин халқ ҳамеша ҷовидон хоҳад монд. Вилояти Суғд низ бо сарвари худ дар роҳи ваҳдату ягонагӣ бо мақсадҳои созанда ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мемонанд. Тоҷикони асилзода барои таҳкими ваҳдату шукуфоии ватан содиқанд, Садриддину садриддинҳо аҷнабию хоинони миллатанд. Ободию зебогии Тоҷикистон қалами наҳзатиҳои хунхорро оҷизу чашмашонро нотавонбин кардааст.
Муҳаммадиқболи Садриддин барин иғвоангезу нобакорон бо дурўғрпардозӣ мехоҳанд обрўи миллати тоҷикро паст зада, вазъи минтақаро ноором созанд ва ба ниятхои нопоки худ расанд.
Ҳисси ватандӯстӣ ба марзу бум, ғурури миллӣ, нанги ниёгон намегузорад, ки ғаразҳои нохалафону нотавонбинони миллати тоҷик амалӣ гардад.
Солиев Ш. – н.и.с., сармуаллими
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ