Ба иблис фурӯхта шудаанд!
Баъди тамошои филми “Хиёнат” мардуми тоҷик ва махсусан нафарони бедордил нисбати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бори дигар лаънат равон карданд. Аз дасти ин турфа “ватандӯстони хиёнаткор” ҳама корҳои сиёҳу тира меомадас. Кушта шудани даҳҳо ва садҳо арбобони илму адаб ва ба яғмо рафтани молу амволи давлату миллат маҳз ба шарофати ин қабил афрод аст.
Дар замири инсонҳо хиёнату одатҳои гуногун ҷойгиранд. Вале, дар ҷомеаи кунунӣ нафарони баднафсе ба мисоли Кабирӣ ва дустони ӯ ҳастанд, ки ҳамаи дороии инсонии худро ба ивази чанде маблағ ба иблис фурӯхтаанд. Таслими шайтонҳои хориҷӣ шудаву гуфтаҳои онҳоро болотар аз мақоми волидайни хеш медонанд. Фирефтаи нафси бад шуда хиёнат ба Ватани аҷдоди хешро ихтиёр кардаанд. Чунин афроди нобакори фосиқ таҳти сарварии Кабирӣ бо думравони чоплусаш бо савдои нангу номуси гумкардаашон машғул шудаву мусофиру ғариб дар кишвари бегона бошанд ҳам, даме ором нишаста наметавонанд. Ба монанди нафари болои занҷабил (қаланфур)-и тез нишаста қарор надоранд, зеро таъсири қаланфурро алами ватангадоиву нобарории тарҳҳои кашидаашон чандинкарата меафзояд. Хоҷагони хориҷииашон низ халачӯб мезаданд, ки агар комёб нашаванд, ҳолашон харобу маҳрум аз маблағгузорӣ мегарданд.
Тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарварро ба андешаю таҳлили воқеӣ даъват мекунад. Симои манфуру малъуни Кабириву ҳаммаслаконашро рӯшод ба ҷаҳониён кардааст, ки ҳатто хешу ақрабояш аз кирдори хоиниву пешаи ифротии ӯ безоранд.
Қаллоби маккор Кабирӣ бо думравони чаласаводаш ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин аз рӯзгори имрӯзаи Тоҷикистони азизамон камбудие кофта ба ҷаҳониён бо воҳима нишон медиҳанд. Орияту номус, ки надоранд, дар майнаи танги фасодолудаашон намеғунҷад, ки дар ҳамаи давру замонҳо рӯсиёҳу шармсор боқӣ мемонанду дигар рӯяшон сафед намешавад. Таърих гувоҳ аст, ки хиёнат ба Ватан бадтарин гуноҳи нобахшиданист. Бар замми он мазҳабфурӯшии Кабириву ҳаммаслаконаш кайҳо боз тасдиқ шудааст, ки мавқеи онҳоро дар дохили оташи сӯзони дӯзах муайян кардааст.
Дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳониёни мусалмон аз фасоҳати фиқҳи Имоми Аъзам ифтихор карда шукронаи дину мазҳаби покашон мекунанд, ин тоифаи палидони разил дини мубини Исломро ҳам василаи тафриқаандозӣ карданианд. Мебояд шукр кард, ки Кабирии динфурӯш дар ҷанозаи модараш иштирок накардааст. Зеро, иштироки фарзанди хоини ғайридинаш рӯи поки модари меҳрубони раҳматиашро нором мекард. Нафаре, ки қадру манзалати модари худ надонад аз ӯ чӣ тавр талаби ватандорӣ кард? Меъмори ҳаётии Кабирии манфур хоҷагони маблағгузори хориҷиаш мебошанд, ибо пулҳои ҳаром иморати каҷу килеби маккорӣбунёд кардаанду вале, он бақо надорад ва шамоли таърих онро бо тезӣ сарнагун хоҳад сохт.
Баъди тамошои филми мустанади “Хиёнат” тариқи шабакҳои иттилоорасон барои дигар ба хиёнату фиреб ва амалҳои номатлуби ҳизби манфури наҳзат ва думравони ӯ боварии комил ҳосил намудем.
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсашиносии ДДҲБСТ