Тарбияи дурусти фарзандон масъулияти кулли ҷомеааст!

Вокуниш ба раддияи беасоси масъули сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин ва филми мустанади “Хиёнат”. Филме, ки хиёнату разолати наҳзату нотавонбинонро ба чашми мардум бори дигар нишон дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори кишварҳоест, ки дар як давраи начандон тўлонӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмилалӣ обрўву эътибор пайдо карда, мавқеи хешро дар арсаи байналхалқӣ устувор ва муайян намудааст.

Гузашта аз ин, истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат аст. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба шарофати ҳамин неъмати бебаҳо дар кишвари ҳамешабаҳори мо иқдомҳои бунёдкоронаву созанда ҳамарўза вусъати тоза касб мекунанд. Имрўз мардуми шарифи мо хуб эҳсос мекунанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар кардааст. Натиҷаи ҳамин саъю талоши пайваста аст, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон сол аз сол беҳтар гардида, сиёсати пешгирифтаамон торафт самараҳои нек медиҳад.

Дар шароити тезутундшавии муносибатҳои геополитикии ҷаҳон, аз ҷумла таҳдидҳои номуносиб ва бесомони кишварҳои абадқудрат нисбат ба кишварҳои дар ҳоли рушд буда андешидани тадбирҳои таъхирнопазири  таъминкунандаи амнияти ҷамъиятии давлатӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, бахусус маърифатнок гардонидани аҳли ҷомеа ва ба ин васила дар руҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, пос доштани сулҳу субот ва ягонагии кишвари азизамон Тоҷикистон тарбия намудани ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мегарданд.

Дар ҳақиқат дар ҳоле, ки аксарияти аҳолиро шахсони ҷавон ташкил медиҳанд ва муайянкунандаи самтҳои ҳаёту фаъолияти ояндаи ҷомеа маҳсуб мегарданд, соҳибмаърифатӣ, доштани хиради волои сиёсӣ ва қавииродагии онҳо соҳибмаънӣ ва қудратмандии Тоҷикистон шуда метавонад.

Дар ҳамин росто, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар – 23 май чунин иброз карданд: «Ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд».

Дар воқеъ солҳои охир тазодҳои ҷомеаи муосир боис гардидаанд, ки дар сартосари ҷаҳон зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм, тероризм, радикализм ва дигар равияҳо зиёд гардида, ҷомеаи ҷаҳонро зери таҳдид ва таҳлуқа қарор додаанд. Ташвишовар он аст, ки дар ин раванди номатлуб ба сифати аслиҳаи асосӣ ҷавонон, ки ҷисман қавию зеҳнан заиф мебошанд, иавриди истисмор қарор гирифтаанд. Дар навбати худ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ ба манофеи пасипардагии гурўҳи муайяни ниҳодҳои қудратманд дар роҳи ѓанӣ гардонидани иқтисодиёти хеш ва баланд бардоштани нуфузи сиёсӣ истифода мегарданд, ки маҳз ҳамин сиёсат (муносибат) аз хатарноктарин омилҳои муосир маҳсуб меёбад.

Аз ин рў, талқини идеологияи комил, яъне идеологияи ҷамъиятӣ-давлатӣ ва ё миллӣ дар байни ҷавонон бо роҳи амалӣ намудани чорабиниҳои бонизом дар самти баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо ва ба ин васила тарбияи комили ин насл ҳамчун нерўи пуриқтидор ва пояндаи кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад.

Албатта, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифатноксозӣ ва тарбияи ҷавонон чорабиниҳои зиёде татбиқ ёфта истодаанд ва ҳамарўза шахсони зиёд бо маълумоти дахлдор фаро гирифта мешаванд. Вале, мутаассифона бинобар камсифатӣ натиҷанокии ин амалҳо назаррас намебошанд, ки сабаби ин омил (камсифатӣ) ба заиф будани низоми ташкил, идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва амалисозии чорабиниҳои идеологӣ асос меёбад. Илова бар ин, зиёд будани сатҳи омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва афзоиш ёфтани сафи онҳо дар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шаҳодати камтаъсир ва камсамар будани ин намуди чорабиниҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем. Дар вақти машғулиятҳои таълмӣ ва дарсҳои тарбиявӣ ба донишҷӯёну ҷавонон филмҳои ҳуҷҷатиро ба намоиш гузошта, ба онҳо амалу рафтори гуруҳҳои ифротиро фаҳмонем. Ба мисоли филми мустанади “Хиёнат”, ки аз хиёнати беш аз 25-30 солаи наҳзату паймон сухан мекунад. Симоҳои манфуре, ки дар филми мазкур нишон дода мешавад, дар ҳақиқат хиёнаткоранд. Амалу рафтори онҳо барои миллати мо то абад хиёнаткорона боқӣ мемонад.

Ашӯров С. – н.и.б., дотсент, декани

факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like