Ба мисли рӯбоҳ амалкардани Кабирӣ
Дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта бо пошхурии давлати Шӯравӣ марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз гардид. Орзу ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ бо талошу ҷонисориҳои фарзандони бонангу номуси худ баҳри озод намудани сарзамини аҷдодӣ аз аҷнабиён ва расидан ба истиқлолияти комил мекушиданд, амалӣ гардид.
Озодиву ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати таърих ба халқи тоҷик аст. Онро метавон ду боли як иқбол номид. Зеро Истиқлолият ба мо соҳибихтиёриро оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои гузоштани қадамҳои устувор дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон имкониятҳои навро ба вуҷуд овард.
Мутаассифона дар ин давраи таърихии барои давлату миллати тоҷик тақдирсоз қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони дохилӣ ва хориҷӣ бо истифода аз бозиҳои сиёсӣ, барангехтани низоъҳои сиёсии дохилӣ кишвари тозаистиқлоли моро ба майдони муқовимати шадиди сиёсӣ кашанд, ки оқибат боиси оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардад.
Мардуми соҳибдавлату фарҳангии тоҷик тавонист бо кушиш ва ҷонисориҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бӯҳрони сиёсӣ роҳоӣ ёбанд ва имрӯз дар фазои сулҳу субот дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, махсусан дар тадбиқи ҳадафҳои олии рушди стратегии кишвар камари ҳиммат мебанданд.
Имрӯзҳо ба сари мардуми сайёра боз як мушкилии дигар, вабои аср COVIT-19 омадааст. Ин бадбахтиҳо мутаассифона ба сари миллати тоҷик низ омад. Роҳбарияти олии кишвар аз рӯзҳои нахустини паҳншавии коронавирус бо мақсади ҳифзи сиҳатии сокинони кишвар тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда. Дар натиҷаи талошҳои табибони бо нангу номус, ки қарзи инсонии хешро дар назди ватану миллат адо намуданд ва сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми кишвар аз ин балои аср раҳоӣ ёфтанд.
Мутаассифона дар ин рӯзҳои фоҷеабор барои миллати тоҷик ифротгароёни палиди наҳзатӣ, ки ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёд оварданд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда садҳо ва ҳазорҳо нафаронро қурбон кардаанд ва ба кишвар 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар расониданд, дар чунин вазъи мушкил рақсу бозӣ, хушҳолӣ намуда, бо дастони нопоки худ дар бораи мусибати мардуми тоҷик суханҳои беасосро паҳн намуда, мехоҳанд афазои афкори умумро тағйир диҳанд.
Дар филми мустанади “Хиёнат”, ки тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии мамлакат пахш гардид, ҳамаи корҳои нопоку хиёнаткоронаи сарчӯпони ҳизби наҳзат Кабирӣ ва тобеъони рамаи ӯ Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, кушоду равшан дар асоси далелҳои қотеъ маҳкум гардид.
Дар ҷараёни тамошои филми мазкур ба хотирам як афсонаи халқи расид, ки мазмунаш чунин аст. Рӯзи рӯбоҳ аз пеши як хона мегузашт, дид ки дар он ҷо гушт овезон буд. Ҳарчанд кушиш кард, вале онро ба даст оварда натавонист ва гушт бадбуй будас гӯён гашта рафт.
Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мисли ҳамон рубоҳи нокоманд, ки пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон, махсусан пас нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба кишвари Аврупо фирор намуданд ва мисли саг дар дари хоҷагони хориҷиашон гашта, бо дастури онҳо бо воситаҳои гуногун махсусан, сайтҳои моҷароҷуи мамнӯъ “Ахбор. ком”, “Паём. нет”, “Ислоҳ. нет”, “Кимиёи Саодат”, “Востокнюз”, “Озодандешагон”, “Рисолат.тҷ” суханҳои беасосу бадбӯро мегӯянд.
Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба хубӣ медонанд, ки сарвари ин ташкилотҳои мамнӯъ худ хоинони миллат, террорист, тундрав, радди маърака, барангезандаи кинаву адоват буда, ба қадру манзалати сарзамини мо ҳеҷ гоҳ намерасад ва намеравад. Бинобар ҳамин таҳия ва намоиши филми мустанади бо ном “Хиёнат” хеле саривақтӣ ва бомаврид буда, барои дарки ҳақиқати таърих, ошкор намудани амалҳои нопоки хоинони миллат муҳим аст, бинандаи закӣ аз он барои худ хулосаҳои заруриро мебароранд ва метавон гуфт, ки амалу кирдорҳои ин гуна афроди нопоку аҳримансиришт зидди сохти конститутсионӣ ва манфиатҳои давлату миллат буда, хиёнати маҳз аст.
Раҳимов А.М. – д.и.и., профессор, мудири
кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ