Муколамаи дин ва давлат дар шароити тезутунди ҷаҳони муосир
Имрӯзҳо ҷамъияти навзуҳуре, ки худро “муҷоҳидон”- и роҳи ҳақ, “парчамдори давлати исломӣ” мепиндоранд ва ба бандагони Худо заррае раҳм накарда, ҳамаро қатли ом мекунанд, сабаб шудааст, ки ҳамагон ба ин тарзи рафтору пиндор вокуниш нишон диҳанд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳо ва шахсиятҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ѓаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиёти хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.
Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа Нӯъмон Ибни Собит қайд карда шуд. Худи ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки он ҳам мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Қабул гардидани конуни мазкур дар соли бузургдошти Имоми Аъзам боз як бори дигар далели он аст, ки давлат ва мақомоти қонунгузор барои танзими одилонаи муносибатҳои динӣ кӯшиш мекунад.
Дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ба масҷидҳо рафта намозгузоронро табрик мекунанд, Сарвари давлат бошад табрикоти расмии худро ба мардум мерасонад. Уламои дин дар барномаҳои радиову телевизионҳо оид ба мавзӯҳои панду ахлоқ баромадҳо мекунанд, тавассути воситаҳои ахбори умум андешаҳои ҷолиб иброз медоранд. Масҷидҳо бо тарҳу симои зебову мунаққаш бунёд мегарданд.
Аз ҳама муҳим, бо ҳидояти Сарвари давлатамон имрӯзҳо тарҷумаи Қуръон ба забони тоҷикӣ дастраси мардум гардидааст. Фурӯши китобҳои динӣ озодона ба роҳ монда шудааст, то ки мардум маърифати динии худро баланд бардоранд, пиндору гуфтору рафтори худро поку беолоиш созанд.
Дини мубини Ислом дини муҳаббат, дини покизагӣ, озодагӣ, дини эҳтиром ба динҳои дигар аст. Онҳое, ки ба тафриқаандозӣ, тундгароӣ ва ихтилофангезӣ роҳ медиҳанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Асос ҳамин Ваҳдат аст. Миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат овард.
Моро мебояд, ки лаҳзае аз ёди ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ба пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста аст. Чунон ки мавлавии бузург фармудааст:
Зиҳи дарё, ки андар вай ҳама ғарқанду ҳайронанд,
Чу моҳӣ зиндаи дарёву дарёро намедонад.
Ашӯров С. – н.и.б., дотсент, декани
факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ