Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳнамои рушди илму маърифат!
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи мамлакат – муҳимтарин падидаи оғози соли тақвимӣ, раҳнамои ҳаёти давлату ҷомеа дар марҳилаи оянда мебошад. Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани паҳлӯҳои мухталифи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши дастовардҳои сиёсӣ, инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти иқтисодии миллӣ нақши муҳим ва калидиро мебозад.
Маҳз бо туфайли сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми тоҷик ба марҳилаи рушду нумӯи устувор дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида истодааст. Аз ин рӯ, Паёми Президенти кишвар қадаме ба самти пешравӣ, гулгулшукуфӣ ва оромиву суботи давлати ҷавони соҳибистиқлоламон мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат имрӯзҳо ҳадафи бузург – бунёди давлати соҳибистиқлол, аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро, ки дар он некӯаҳволӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалӣ менамояд. Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишвар бо мисолҳои дақиқ мавриди таҳлилу баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор мегиранд.
Боиси ифтихор ва таъкид аст, ки такмили сатҳи зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва баланд бардоштани нерӯи инсонӣ яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодии давлат аз оғози даврони Истиқлолият ба ҳисоб меравад.
Дар ин радиф соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати некўаҳволии аҳолиро таъкид карда, зикр намуданд, ки барои ҳалли он дар сохтори иқтисодии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат қайд карданд, ки “… Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.”
Баҳри ноил гардидан ба мақсади мазкур ва ҳадафҳои стратегии кишвар дар Паёми худ Пешвои миллат таҳлили пурраи самтҳои мушаххасро анҷом дода, вазифаҳои аниқ гузоштанд:
- қабул ва амалӣ сохтани барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ;
- ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам содаву оммафаҳм гардондани маъмурикунонии андоз, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав;
- ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ;
- дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содиркунандагони ватанӣ, таъсиси бонк баҳри дастгирии соҳибкорӣ;
- ҳавасмандгардонии содирот, таъмини гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо;
- интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш”;
- таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардондани маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин;
- ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза;
- омода намудани мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосир, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаи бозори сайёҳӣ;
- баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, тақвият бахшидан ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
- эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”;
- аз ҷониби ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар;
- рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика;
- идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар;
- татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ;
- тақвият додани низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ.
Дар як мақола баррасӣ кардани ҳамаи самтҳои дар боло зикргардида ғайриимкон аст, бинобар ин оид ба якчанд вазифаҳо ибрози ақида менамоем.
Дар муқаддимаи Паёми худ муҳтарам Пешвои миллат алоҳида таъкид намудаанд, ки “Ҳукумати мамлакат, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад. Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд”.
Дар ҳақиқат марҳилаи кунунии рушди тамаддуни башарӣ, иқтисодиёти Тоҷикистонро низ ба маҷрои равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки шароити гузариш ба модели нави рушди иқтисодиро дар асоси истифодаи пурраи технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад, мекашад. Дар навбати худ, ба иқтидори зеҳнии захираҳои меҳнатӣ ва тавсеаи нерӯи эҷодии онҳо дар фаъолияти иқтисодӣ диќќати бештар дода шудааст. Ҳамаи ин аҳамияти рушди технологияҳои рақамиро асоснок менамояд.
Имрӯз иттилоотонии ҷомеа гузариши аксари кишварҳои ҷаҳонро аз иқтисодиёти индустриалӣ ё постиндустриалӣ ба иқтисоди рақамӣ ногузир сохтааст. Сабабҳои умда ва бунёдии ногузирии гузариш ба иқтисодиёти рақамиро номбар мекунем:
- пешрафти илму техника дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ;
- паҳншавии васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- оммавӣ гардидани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа;
- имкониятҳои нав дар ташаккули фазои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои тамоми табақаҳои аҳолӣ;
- табдил додани технологияҳои рақамӣ ба омили баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди сохторҳои соҳибкорӣ.
Ҷорисозии иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон хусусиятҳои вижа дорад. Дар иқтисодиёти кишварҳои пешрафта заминаҳои гузариш ба иқтисоди рақамӣ хело баланд аст. Дар аксари мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, ки ба онҳо сатҳи ғайрикофии рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ хос мебошад, ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ амри муҳол аст. Лозим ба қайд аст, ки ривоҷу равнақи иқтисодиёти рақамӣ аз сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон вобастагӣ дорад.
Рушди иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар асоси нишондиҳандаҳои мухталиф, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳо ё пажӯҳишгоҳҳои махсуси илмӣ ҳисоб карда шудаанд, арзёбӣ карда мешавад. Аз ҷумла:Индекси рушди технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ (ICT Development Index – IDI);Индекси иқтисодиёт ва ҷомеаи рақамӣ (Digital Economy and Society Index – DESI); Индекси рақобатнокии ҷаҳонии рақамӣ (IMD Word Digital Competiveness Index – WDCI);Индекси таҳаввулоти рақамӣ (Digital Evolution Index — DEI); Индекси иқтисодиёти рақамӣ Boston Consulting Group (e-Intensity);Индекси омодакунии шабакавӣ (Networked Readiness Index — NGI);Индекси рушди ҳукумати электронӣ (The UN Global E-Government Development Index — EGDI); Индекси иштироки электронӣ (E-Participation Index — EPART);Индекси пайвастшавии глобалӣ (Global Connectivity Index — GCI, Huawei);Индекси глобалии инноватсионӣ (The Global Innovation Index — GII)».Аз 9 номгӯи мазкури сатҳи рушди иқтисодӣ рақамӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ алҳол Тоҷикистонро ҳамагӣ аз рӯи чаҳор нишондиҳанда арзёбӣ мекунанд. Масалан, аз рӯи индекси рушди ҳукумати электронӣ (EGDI) Тоҷикистон дар байни 185 давлати дунё ҷойи 131-умро ишғол намудааст. Тибқи индекси омодакунии шабакавӣ (NRI) бошад мамлакати мо дар ҷойи 114 ва индекси глобалии инноватсионӣ (GII) дар ҷойи 101 қарор дорад. Аз нуқтаи назари рушди технологӣ ва мавҷудияти муҳити дастгирӣ Тоҷикистон дар давраи аввали гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ қарор дорад.Дар иқтисодиёти рақамӣ бартарияти принсипи “зиндагӣ ва таҳсил”, бо ибораи дигар “таълим дар тамоми ҳаёт” зоҳир мегардад. Иқтисоди рақамӣ зарурати такмили доимии малакаҳои касбии мутахассисонро таќозо мекунад, зеро ҷойҳои корӣ дар асоси технологияи нав босуръат пеш мераванд. Зеро дар шароити автоматикунонӣ, паҳншавии робототехника ва рушди технологияҳои рақамӣ, чизи асосӣ на дипломҳои донишгоҳҳои бонуфуз, балки маҳорату касбияти кормандон ва тавоноии онҳо дар самти коркард ё ин ки истифодаи технологияи рақамӣ ба шумор меравад.
Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.” Инчунин Сарвари кишварамон пешниҳод намуданд: “Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”. Дар ҳамаи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисоси кадрҳо бояд барномаҳои махсуси омӯзиши фанҳои дақиқ фаъолона ба ҷараёни таълим дохил карда шаванд.
Дар асри XX илм ва техника мунтазам, босуръат ва хеле самарабахш рушд кард ва месазад, ки садаи гузаштаро асри “инқилоби илмӣ” номем. Хусусан дар мамлакатҳои тараққикарда илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, автоматикунонии ҷойи корӣ, ихтирооти техника, технология, усулҳои нави ташкил ва идоракунии кор, рушди технологияҳои иттилоотӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ авҷ гирифт.
Беш аз пеш маълум шуда истодааст, ки ноил гардидан ба пешравӣ дар ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза танҳо тавассути омӯзиш ва рушди ҳаматарафаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ имконпазир аст. Мусаллам аст, ки илм бисёр муаммоҳои инсоният, аз ҷумла рафъи гуруснагӣ ва касалиҳои гуногун, аз худ кардани кайҳон, истифодаи энергетикаи атомӣ, интеллекти сунъӣ ва ғайраро ҳаллу фасл карда метавонад. Илова бар ин, қайд кардан лозим аст, ки на танҳо навовариҳои бузург, ҳатто истеҳсоли чизҳои одӣ, аз қабили коғаз, қалам, гӯгирд низ дониши амиқи фанҳои дақиқро талаб мекунад.
Чӣ тавре ки таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, рушди илму маориф сарчашмаи пешравии иҷтимою иқтисодӣ мебошад. Давлатҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла, ИМА (аз ҳама зиёд шумораи лауреатҳои нобелӣ дар самти фанҳои дақиқ ва иқтисодиёт), Ҷопон (пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон сармоягузорӣ ба маориф иқтисодиёти Ҷопонро ба яке аз ҷойи аввалин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид), Чин (тақрибан 50%-и хатмкунандагони донишгоҳҳои Чин дастпарварони риштаи фанҳои дақиқ мебошанд, ки мамлакатро ба ќатори истеҳсолкунандаи бузурги ҷаҳонӣ дароварданд), кишварҳои Аврупо (дар соҳаи мошинсозӣ, радиоэлектроника, металлургия, сохтани киштиҳои кайҳонӣ, электроника, муҳандисӣ пешқадам буда, ба давлатҳои мутараққӣ табдил ёфтаанд) мисоли барҷастаи ин иддао мебошанд.
Аз ин лиҳоз, гуфта метавонем, ки омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бешакку шубҳа ба пешравии иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон низ такон мебахшад. Боиси қайд аст, ки дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маориф мақоми хоса дорад. Ҳамасола дар вохӯрӣ бо зиёиён, паёмҳову ҷамъомадҳо бахшида ба Рӯзи дониш, муҳтарам Пешвои миллат ба рушди фанҳои дақиқ аҳамияти махсус медиҳанд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси давлатиро тарҳрезӣ ва ба амал ҷорӣ карда истодааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 101 аз 14 апрели соли 2010 “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои солҳои 2010-2020” тасдиқ ва дар амал татбиқ шуда истодааст.
Вале имрӯз рушди муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ, талаботи иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони соҳаи дақиқ, аз ҷумла муҳандисони соҳавӣ, яъне саноат, радиоэлектроника, электротехника, астрофизика, барномарезӣ, муҳандисони амнияти иттилоотӣ, дорусозон, роҳсозон, меъморон, махсусан зарурати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ водор месозад, ки ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Дар ин росто масъалагузории Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола хело бамаврид аст: “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.”
Боиси тазаккур аст, ки вақте ки дар мамлакатҳои мутараққӣ сухан дар бораи рушди илм меравад, пешравии илмҳои физика, химия, математика, барномасозӣ, технологияи компютерӣ, астрономия дар назар дошта мешавад. Гузашта аз ин, ҳатто рушди илми иқтисодӣ низ бо дараҷаи истифодаи усулҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Яке аз сабабҳои аз ҷониби олимони давлатҳои Ғарб эътироф нагардидани корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони иқтисоддони шўравӣ дар он буд, ки бештари корҳои илмии иқтисодии давраи шӯравӣ характери тавсифӣ дошта, истифодаи усулҳои математикӣ хело кам ба чашм мерасид. Дар иртибот бо гуфтаҳои боло лозим ба қайд аст, ки маълумоти пойгоҳии қисми зиёди лауреатҳои мукофоти нобелӣ дар соҳаи иқтисодиёт риёзиёт аст. Бо ақидаи мо соҳиб шудан ба донишҳои зарурии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳоло чун кафили ноил гаштан ба муваффақиятҳои назаррас гуфтан мумкин аст.
Хуллас, имрӯз раванди таълим бояд бо назардошти талаботи иқтисоди рақамӣ ташкил карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад иштиғоли устувори бозори меҳнатро таъмин намояд, Муҳимтар аз ҳама мусоидат ба рушди нерўи зеҳнии инсон қувваи кориро ба сармояи асосии истеҳсолот табдил менамоянд. Дар бозори меҳнати иқтисодиёти рақамӣ касбҳои зерин ба истилоҳ “бозоргир” мебошанд: меъмори шабакаи иттилоотӣ, ороишгари интерфейс, таҳиягари модели калон (мутахассисе, ки системаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди миқдори зиёди маълумотро тарроҳӣ мекунад), аудитор оид ба технологияи иттилоотӣ, муфаттиш кибер (коршиноси таҳқиқи киберҷиноятҳо), мушовир оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, мутахассис оид ба технологияи амнияти иттилоотӣ, кор бо равандҳои истеҳсолоти автоматӣ, кибертехнологияи муҳити зист, дизайнери интерфейсҳои зеҳнӣ ва ғайра, ки кулли онҳо дониши мукаммали фанҳои дақиқро талаб менамоянд. Боиси қайд аст, ки бисёр донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои ғарбӣ аллакай чунин мутахассисонро омода мекунанд. Дар давоми даҳсолаҳо барномаҳои таълимӣ оид ба илми иттилоот, тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи маърифатӣ татбиқ шудаанд.
Чи тавре, ки Сарвари мамлакат дар Паёми навбатӣ қайд карданд: «Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».
Аз ҳар сатри Паём ба ҳама аён мегардад, ки ғамхорӣ нисбат ба рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи давлату ҳукумат арзёбӣ шуда, роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ ба таври мушаххас муайян гардидааст.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Вазифаҳое, ки Сарвари давлат дар назди сохтору ташкилотҳои мутасаддӣ гузоштаанд, дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, тинҷиву оромии ҷомеа, баланд бардоштани некўаҳволии мардум аҳамияти муҳим доранд.
Ризокулов Т.Р. – д.и.и., профессор,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДҲБСТ