Дар забони Кабирӣ номи Худо, дар қабл бошад…

Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат барои зиндагии ороми мардум тамоми шароитҳои хубро муҳайё намуда истодааст. Дар муддати кӯтоҳ кишвари азизамон ба миқдори зиёди дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, ҷомеъашиносиву дунёшиносиро ноил гардид.

Қайд кардан лозим аст, ки дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар  раванди  ҷомеа, таъкидҳои падарона намуда, онҳоро  ба дӯст доштани Ватан, худшинос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд. Инчунин ҷавононро барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рӯ овардан ба илму дониш, истифода намудан аз технологияҳои муосир даъват менамояд.  Чунки ҷавонон давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон буда, фарҳангу маданияти миллиро бояд ҳифз ва эҳьё намоянд, сазовори боварии бузурги халқу миллат ва давлат бошанд, ору номуси ватандорӣ мояи асосии зиндагии онҳо бояд бошад.

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, экстремизм ва терроризм аз зуҳуроти хатарнок ва номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, бештар ба ҳаёту ояндаи ҷавонон хатарнок мебошад. Ин вабои аср  бештар ба ҳолати равонии аҳли башар таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Афсӯс аз сабаби паст будани сатҳи маърифатию ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе ҷавонон шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ зиед шуда истодааст, ки он ин вабои аст.

Дар вақтҳои охир душманони халқи тоҷик аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамдастӣ бо ҳамкорони паймониаш фаъолияти зиддимиллӣ бурда истодаанд. Аз ҷумла дар воситаҳои хабарии марбут ба терроризми байналхалқӣ ва ифротгароён имрӯз дар телевизиони “Садои мардум” (таҳти “Гурӯҳи 24”) даъват ба ҷинояткорию зуроварӣ амалӣ гардида истодааст. Онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷавонони ноогоҳ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ  ва сиёсӣ доштаро ба сафҳои худ ҷалб намуда, онҳоро  бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои террористӣ шомил месозанд. Мардуми халқи тоҷик бояд донанд, ки аќидаи ин шахс бар зидди озодии ҷомеа аст.

Имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ, бахусус ҷавонон лозим аст, ки дар мубориза алайҳи зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа омода ва фаъол бошем.

Дар мақолаи муҳаққиқони варзидаи ҷомеаи мо Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” бори дигар ба симои аслии наҳзат, паймони миллӣ ва Кабириву ёронаш баҳои объективона дода шуд. Ҳангоми мутолаи мақолаи мазкур метавон пай бурд, ки бо далелҳои илмиву мантиқӣ муаллифони мақола тавонистанд душманро ба ҳолати “мот” оварда расонанд. Боварӣ дорем, ки баъди мутолиаи мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” хиёнаткорон боре ҳам бошад аз кардаи худ пушаймон мешаванд ва тоҷику тоҷикзабонии худро ба фурӯш намегузоранд.

Қосимова М.И.сармуаллимаи

кафедраи технологияҳои иттилоотию

коммуникатсионӣ ва барномарезӣ ДДҲБСТ

You might also like