Худиҳо ба бегонаҳо кумак мекунанд!
Чанд рӯз пеш дар фазои маҷозӣ як мақолаи бисёр ҳам аз ҷиҳати таҳлиливу илмӣ пурқуввате бар муқобили душманони дину миллат ва сиёсати кунунии давлат наҳзатиёни хоин баромад, ки ҳар нафаре баъди мутолиаи он бори дигар ба ҷониби ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ “ташаккур” равон мекунад. Олимону таҳлилгарони варзидаи мо хушбахтона ба нуктаҳои асосии фаъолияти кунунии роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ифротии наҳзати иртиҷоӣ аҳамияти хоса дода, фаъолияти анқариб 5 соли дар хоки хоҷаи будаи онҳоро ба риштаи таҳлил кашидаанд.
Дар мақолаи муҳаққиқони варзидаи ҷомеаи мо Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” аз симои аслии наҳзат, паймони миллӣ ва Кабириву ёронаш ниқоб бардошта шуд. Ҳангоми мутолаи мақолаи мазкур метавон пай бурд, ки бо далелҳои илмиву мантиқӣ муаллифони мақола тавонистанд душманро ба ҳолати “карахтӣ” оварда расонанд. Аввалҳо наҳзатиёни хоин ислом, дину мазҳаб, миллату ҳуқуқи маҳбусонро баҳона карда ҳаргуна суханҳои дуруғини худро руи шабакаҳои иҷтимоӣ оранд, имрӯзҳо бошад барои онҳо мавзӯи “короновирус” дастак гардидааст. Мутаассифона баъди ба давлати мо омадани ин беморӣ наҳзатиён табли шодӣ заданд. Муаллифи мақола ҳамин нуктаро чунин овардааст: “Шумо таваҷҷуҳ фармоед. Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИ-чиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад. Мамлакати куҳистон, ки ҷамъияташ наздик ба даҳ миллион аст, тамоми кушишҳоро мебинад. Худиҳо, бегонаҳо кумак мекунанд”.
Ба мардуми тоҷик оғози солҳои 90-ум дарс шудааст. Он рўзҳои пурдаҳшат он нофаҳмиҳо, наход аз хотири мо фаромўш шавад, албатта не. Бо вуҷуди нооромии ҷаҳони имрўза мо худро пайраву дастгири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобида бо баробари он кас заҳмат кашида барои тарбияи дурусти ҷавонон, ба роҳи рост равона кардани онҳо, бар дили онҳо ҷой кардани меҳри Ватан-Модар кўшишҳо менамоем. Намегузорем, ки ҷавонони мо ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ё худ Кабирӣ хоину ватанфурўш ва гурезаву хабаркаш ба воя расанд ва ё ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ё сомонаҳои ифротгароӣ шомил шаванд.
Чунин ашхосон ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин бо амалҳои номатлуб Тоҷикистонро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном намуда, ба ҳадафҳои хеш, ки афзудани сафи наҳзатиён ва хиёнаткорони ватанфурўш мебошад, датсёб мегарданд. Онҳо фаромўш кардаанд, ки модари тоҷик онҳоро таваллуд карда хуни нофашон дар ин кишвар рехтааст.
Дар мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” ҳамин ҳолатро чунин таъкид кардаанд: “… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд”.
Ба чунин шахсон ҳатто ному насабе, ки онҳо доранд ҳайф буда ба маънои он намераванд. Ба онҳо чунин номҳои зебо ноарзанда аст. Хабаркаш ва хоини гуфтан ба ин хоинони ватан зебанда аст.
Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ вақт фирефтаи даъватҳои беасоси наҳзатиён намегарданд. Бо ақлу ҳуши тоҷикона Тоҷикистонро дўст медоранд ва онро ҳифз мекунанд.
Мо ҷомеаи шаҳрвандӣ мақолаи бунёдии Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” пурра дастгирӣ менамоем. имрӯз фермаи гусоларихинои наҳзатӣ бар муқобили ин мақола ҳам вокунишу комментарияҳо нишон медиҳанд. Аммо онҳо як нуктаро намедонанд, ки «зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад».
Тошматова Ҳ.М. – ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ