Изҳорот нисбати дастгирии мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”

Моён ҳайати коллективи омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ аз таҳлил ва баррасии мазмун ва мӯҳтавои асосии мақолаи Азимҷон Раҳмонзода – муовини директори  Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин – ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ  ва Фирдавс Мирзоёров – устоди  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чунин хулоса омедем, ки мисолҳои оварда шуда ягон асоси аслӣ дошта, маҳз фаъолияти кунунии наҳзату паймон ва ёронаш ба мисоли Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Кӯри Юнус ва дигарон барои вайрон намудани идеологияи имрӯзаи Тоҷикистон равона гардидааст.

Мо чунин андеша дорем, ки вақте, ки давлат ором ва сулҳ пойдор аст нафароне дар мисоли тарафдорони ҲНИ пайдо гардида мехоҳанд ин хушнудии халқро аз байн баранд. Аз зумраи он Муҳаммадиқболи Садриддин як тан аз косалесони Кабириву наҳзат буда, тариқи сомонаи худ “Ислоҳ.нет” мехоҳад мафкураи мардумро ислоҳ намуда бошад. Аммо ин ислоҳкунӣ ба манфиати мардум набуда, танҳо ва танҳо ба манфиати гуруҳҳои муаяйн аст.

Аз ин рӯз мо инро гӯфтани ҳастем, ки мо ҳама вақт тарафдори сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати хеш буда ба мустахкам намудани пояҳои конститутсионии ҷомеа тамоми донишу истеъдоди хешро равона месозем.

Моён, ки мутахассисони ояндаро омода месозем, дар баробари таълим додан нодуруст ва хатарнок будани идеологияи ин афродро баён намуда, худро аз ояндаи неки давлат дар канор намемонем.

Коллективи омӯзгорони кафедраи

ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like