Вокуниш ба мақолаи иғвогарона!

Мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Истирдоди  Кабирӣ ба Душанбе ҳақиқат ё ҳамоқат?» фаҷ, бесаводона, иҷвогарона навишта шудааст. Муаллиф ба ҷои калимаҳои равону зебои ноби тоҷикӣ, чунон калимаҳои бегонаи ба забони ноби тоҷикии мо, ки ба хонанда равшан нест, истифода бурдааст. Ин калимаҳо ва ибораҳо ба монанди истирдод, ҳамоқат, рабт, фиаско, бои безправила, аршад, ҳукумати муттаҳами муҷрим,  дарозгӯши нобино, тим  ва ғайра.

Мақола по дар ҳаво, худи муаллиф чиро баён карданро намедонад. Гоҳе дар бораи «таъқиб ва ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон» сухан меравад, гоҳе гап дар бораи «дар анҷоми тобистони соли гузашта Юсуф Раҳмон дар раъси ҳайати ҳукуматӣ дар нишасти Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ дар Женева ширкат карда, …  Аз посухи мустақим мегурехта, … Мисли донишҷӯи духон, талош мекард, ки сокит набошад. Гоҳ аз чӯл мегуфт, гоҳ аз биёбон. Гӯё, ки мурғони ҳаво ба ҳолаш гиристанд. Бо фиристодани Юсуф Раҳмон ба ин нишаст ҳукумати муттаҳами муҷрим бадтар шармсор шуд. Ба хусус, ки ин нишаст бо ҳузури мухолифин ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ доир шуда буд.

Бояд қайд кард, ки ин суханон ва навиштаниҳо иғво ва дурӯғ мебошад. Ҷумлаи «Ба хусус, ки ин нишаст бо ҳузури мухолифин ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ доир шуда буд» навиштаи муаллиф маро ба ваҷҳ овард. Худи Муҳиддин Кабирӣ кист? Ӯ иғвогари рақами ва пайравони ӯ аз қафои ӯ дум ликкон карда, дар хориҷа бе хонаву дар гаштаанд. Чӣ ҳақ дорад, ҳукумат давлатиро ҳукумати муттаҳами муҷрим гуфта, ҳақорату таҳдид намояд. Онҳо барои давлат, мардум, халқи худ чӣ манфиате овардаан, ғайр аз иғвогарӣ, тӯҳмат ва ҷавонон бегуноҳи софу шаффофро гумроҳ намуда,  ба доми худ кашида аз хонаву дар, зану фарзанд ҷудо намуда, бо маънои  ба фоидаи худ истифода намудан.

Муаллифи мақола қайд кардааст, «… Кабирӣ боз ҳам бо камолият дироят ва ҷавонмардӣ ки  вижаи сиёсатмадорони мардумӣ ва миллӣ аст аз мушкилоти мардум мегӯяд ва аз мақомоти Тоҷикистон ахиран даъват кард, ки хатар ва фалокати коронавирусро дасти кам нагиранд. Кабирӣ барои эмании мардум ва пешгирӣ аз ворид шудани ин беморӣ пешниҳодҳоеро матраҳ кард». Муаллифро фаҳмидан душвар вақто, ки  мутахассисони олам доир ба масъалаи  коронавирус машғул буда, давояшро наёфта истодаанд, вале Кабирӣ оё духтур ё мутахассиси тиб аст? Агар Кабирӣ барои эмании мардум ва пешгирӣ аз ворид шудани ин беморӣ пешниҳодҳоеро матраҳ карда бошад,  ба халқ, мардум ва миллати худ истифода барад.

Ӯ ҳамаи айбро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки мушкилоти зиёдеро паси сар намуда, сулҳусуботро дар саросари мамлакат, Тоҷикистони азизамон барқарор намуд партофта, худро сафед намуда гаштааст.

Мо, устодони донишгоҳ даъват менамоем, чунин мақолаҳои иғвогарона аз ҷониби ҳар ашхос чоп карда нашавад ва чунин мақолаҳоро ба монанди  мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Истирдоди М.Кабирӣ ба Душанбе ҳақиқат ё ҳамоқат?»-ро маҳкум менамоем.

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

You might also like