Изҳороти кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ нисбати ватанхоҳии наҳзатиён
Бо баробари навиштани изҳороти худ мехостам ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат карда қайд кунам, ки имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хамаҷониба тарафдорӣ менамояд ва ба суханҳои болохонадору бо лаҳҷаи ким кадом забон иброз намудаи наҳзатиҳо касе гўш намекунанд. Тариқи телевизиони ифротории худ “Садои мардум” танҳо даъват ба ҷинояткорию зуроварӣ ва амалҳои зиддибашарӣ амалӣ мегардад. Чунин гурӯҳҳо мехоҳад, ки ба сари мардуми Тоҷикистон фоҷиаи нангинро бор кунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки хиёнаткор Ватан надорад. Муҳиддин Кабирӣ беимон ва ба халқу ватан хиёнаткарда дар руйхатии аввалини чунин шахсон меистад. Ин ифротии лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “тӯҳфаҳои гарон” мегирад.
Албатта ҳар як фарди миллатамон вазифадор аст, ки барои пешгири ва бартараф намудани ингуна амалҳои носазо мубориза барад ва барои эъмини фазои орому осиштаи ватан саҳми арзандаи худро гузорад. Аммо то замоне, ки ҳатто як ҳамдиёри мо, хусусан ҷавонони гумроҳзада дар сафи гурӯҳҳои ифроти бошанд, мубориза алайҳи терроризиму экстремизм, бахусус чаҳонбинии “сиёҳу сафед” идома хоҳад ёфт. Озодиро дар ватандорӣ бояд дид.
Аҳли устодони кафедраи технологияҳои иттилоотию
коммуникатсионӣ ва барномарезӣ ДДҲБСТ