Дуруғи навбатии хоинони наҳзатӣ
Роҳбари Паймни миллӣ зимни суҳбати онлайнияш шоми дирӯз, чаҳоршанбе, дар шабакаи иҷтимоии ютуб сабаби аслии ноамниву бесуботиҳо дар кишварро маҳз мақомоти Тоҷикистон донист. Ӯ гуфт, чор панҷ нафаре ҳастанд, ки мехоҳанд авзо дар Тоҷикистон дар ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор дошта бошад. Боқимонда, ҳамаи ниҳодҳо иҷрокунандаи фармони ин нафарони андак мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки худи роҳбари ПМТ ва аъзоёни он ноамниву бесуботиҳоро дар Тоҷикистон баргузор намоянд. Онҳо сулҳу суботро дар кишвар намехоҳанд, барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз хориҷи кишвар истода нисбати Тоҷикистон хоинӣ менамоянд. Маҳз ҳамин хоинони кишвар имрӯз ҷавонони моро бо ҳар гуна дурӯғгӯиву фитнаангезӣ гумроҳ намуда, онҳоро ба ҷои ба роҳи дуруст сафарбар намудан, балки ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамроҳ намуда, мафкураи онҳоро вайрон намуда, бо воситаи қувваи онҳо мехоҳанд нияти нопоки худро амалӣ намоянд.
Хоинони кишвар чунин иброз доранд, ки «Вақте ҳукумат, тиҷорати ҷавонони тоҷирро аз дасташон ба зур мегирад, вақте ҷавононро аз ҷойи хобашон аблава мекунад, арзишҳои динии ҷавононро бо кашидани сатру тарошидани риш таҷовуз мекунад, ҳатто дар маросимҳои туйу худоӣ дегу табақи мардумро чен мекунад, албатта ҷавонони ғаюр роҳи чорае ба ҷуз ифроти шудан надоранд». Ин ибрози хоинони кишвар дурӯғ аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад ва тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа дар асоси қонунҳои амалкунанда рушд карда истодаанд.
То он даме, ки хоинони кишвар дастгир нашаванд ва нисбати онҳо барои кирдорҳои зиддиҳуқуқии содир намудаашон ҷазоҳои сазовор дода нашаванд, онҳо хоинии худро нисбати кишарашон боз ҳам давом додан мегиранд.
Мо шаҳрвадони Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем ва намегузорем, ки хоинони кишвар ба мақсади нопоки худ бирасанд.
Каримова М.М. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва
пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ