Он чи айён аст, ҳоҷат ба баён нест
Масъалаи амният ва субот барои ҳар як давлат дар ҷои аввал буда, таъмин ва нигоҳ доштани он вазифаи аввалиндараҷаи он ба ҳисоб меравад. Бахусус дар замони муосир масъалаи амнияти дохилӣ, давлатӣ ва байналхалқӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои таъмини амнияти байналхалқӣ ва дохилидавлатӣ як қатор созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ аз он ҷумла СММ, САҲА, НАТО, СААД созмон дода шудааст, ки дар роҳи таъмини амнияти ҷомеаи башарӣ нақши муҳимро иҷро менамоянд.
Бояд қайд кард, ки таъмини амнияти ҳар як давлат пеш аз ҳама дар дасти худи ҳамон давлат ва шаҳрвандони он мебошад. Зеро як воситаи дахолати давлатҳои беруна дар замони муосир маҳз тариқи шаҳрвандон ва ё гурўҳҳои ғайриқонунӣ ташкилнамудаи шаҳрвандони ин давлатҳо амалӣ мегардад. Давлатҳои дахолаткунанда барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз ин гурўҳҳои ғайриқонунӣ истифода бурда, вазъияти ороми давлатро ноором намуда, боиси сарзадани ҷангҳои шаҳвандӣ мегардад. Барои мисод мо метавонем кишвари худамонро, к ибо дахолати давлатҳои беруна ва дастгирии ҳаргуна гурўҳҳои ғайриқонунӣ дар соли 1992 боиси оғоз гардидани ҷанги шарвандӣ гашт. Ба ҳамин монанд вазъиятро дар Сирия, Ливия, Ироқ, Яман Афғонистон истифода бурда, дар натиҷаи он ин кишварҳо суботу амнияти давлати худро аз даст додаанд. Вазъияти имрўзаи ин давлатҳои номбаршуда (Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар надорем) то ҳол муташаниҷ буда, дар он ҷо ҷангу низоъҳо идома ёфтаистодаанд.
Кишвари мо бо вуҷуди дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти худ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданаш тавонист, ки дар як мудати кутоҳ (аз нигоҳи таърих) сулҳу субот ва амнияти давлатро дубора барқарор намояд. Дар раванди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар пеш аз ҳама нақши миллати тоҷик бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки кишвари худро аз вартаи ҷанги бародаркўш барорем. Дар ин муддати кутоҳ миллату давлати тоҷик натаҳо кишварро аз нестшавӣ эмин дошт балки давлати ҷангзадаи худро ба як давлати тинҷу босубот, ободу зебо, ташабускор ва рўбатарақӣ нишон диҳад. Дастовардҳои бадастовардаи кишвари моро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо ҳар яки мо дидаистодаем, балки аз ҷониби дигар давлатҳо ва созмону ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ баҳои баланд додаанд ва додаистодаанд. Аз он ҷумла ба наздики аз ҷониби ташкилоти рейтингӣ, ки татқиқоти худро дар масъалаи давлати аз лиҳози амну суботдошта миёни зиёда аз 140 давлати дунё тадқиқот гузаронид, ки миёни ин шумораи давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амну субот дар зина дуюм қарор гирифт.
Ҳамаи ин комёбиҳо нишони сиёсати дурусти пешгирифтаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Изҳороти Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ