Аз пашша филсозии душманони миллат

Омадану рафтани бандаи Худованд ин амри табиист. Ман ба як чиз бисёр афсус мехурам, ки баъзе аз ҳангоматалабон аз “чизе ночиз” як “муаммоеро” ба миён меоваранд. Этикаи журналистиро риоя накарда, дақиқан онро насанҷида мардумро ба таҳлука овардан, ин як ҷиноят аст.

Марде, ки аз касалии илтиҳоби шуш, ё пневмания, агар фавтида бошад, онро ба касалии сироятии бурда расонидан ин як ҳангомаи баъзе аз журналистон аст. Масъулони бемористонҳо барои пешгирии касалии сироятӣ кӯшиш карда истодаанд,ки пеши роҳи онро гиранд ва мардумро аз он эмин нигоҳ доранд.

Пешгирӣ намудан аз ҳама касалиҳо ин амри воқеӣ аст. Бигзор, як нафар аз бемории илтиҳоби шуш, ё пневмания фавтида бошад, барои бехатарии дигаронро таъмин кардан, аз ҷумла духтуронро низ, ин ҷои ҳангома нест. Мо набояд аз “пашша-фил созем”. Ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии мо, бо дигар ҷумҳуриҳо зери назорати ҳаррӯзаи мақомотҳои дахлдор қарор дорад.Мо намегузорем, ки бо ин ҳангомаҳои бардурӯғу фитнаангезандаи душманони миллат, мардуми сарбаланди тоҷикро ба тарсу ҳарос гузоред.

Бо супориши ҳифзи тандурустии вилояти Суғд оиди пешгири намудан ва ба мардум роҳҳои пешгири намудан аз ин касалии сироятӣ байни ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Миллати тоҷик серу пур аст ва ба ҳангомаи баъзе аз журналистон ва хоинони миллат дода намешаванд. Ноҳияи Ҷабор Расулов бо вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз бошад ҳам, рафту омади шаҳрвандонӣ ҷумҳуриҳо манъ карда шудааст, аз ҷумла гузаргоҳҳои сарҳадии байни ҷумҳурии мо бо ҷумҳурии Ӯзбекистон низ муввақатан баста шудааст.

Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст қайд карданд, ки дар ҳудуди кишвар ягон лаҳзаи гирифтори бо вируси карона ба қайд гирифта нашудааст ва чораҳои пешгирии эҳтиётӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ҷумҳурӣ ситоди пешгирӣ аз вируси карона ташкил карда шуда, ҳамарӯза корбарӣ дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.

Маъруфов Ф. – сармуаллими

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like