Баргузории мусобиқаи теннис дар ДДҲБСТ
Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни донишҷӯписарони факултетҳои донишгоҳ мусобиқа аз рӯи намуди тенниси рӯи миз баргузор гардид. Мусобиқа бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз ҳама факултетҳои донишгоҳ донишҷӯён иштирок намуда, дар ҳайъати даставӣ байни ҳам рақобат карданд.
Дар натиҷаи мусобиқа дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ сазовори ҷойи аввал, тими факултети ҳуқуқшиносӣ мақоми дуввум ва дастаи факултети баҳисобгирӣ ва андоз сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳадаф аз ташкил намудани мусобиқаи мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати бозии тенниси рӯи миз байни донишҷӯён ва омода намудани дастаи мунтахаби донишгоҳ аз рӯи ин намуди варзиш арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




