Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донишҷўи сол»-ро эълон менамояд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд намудани донишҷўён, рушди қобилияти илмию эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонї, такмили забондонӣ, донишҳои муосир, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳандозӣ шудааст.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то санаи 25 апрели соли 2020 ба шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, бинои асосӣ, утоқи 205 дастрас намоянд.
Ғолибони озмун бо сипосномаҳо ва тўҳфаҳои молию пулӣ қадршиносӣ карда мешаванд!
Маълумоти иловагиро метавонед аз сомонаи расмии донишгоҳ ва сомонаҳои иҷтимоӣ дастрас намоед.
Телефон барои тамос: 92-638-13-13