Интихобот унсури демократия
Мувофиқи моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тағйирнопазирии тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро моддаи 100-ум кафолат медиҳад.
Интихобот бо ҳама мураккабию пурихтилофиаш воситаи асосии сиёсати бунёдгар ва офаридгор аст. Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Новобаста аз сохти сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони чамъиятӣ сохторҳои гуногуни таркибии кишварҳои олам раванди интихоботро истифода менамоянд. Дар Ҷумҳирии Тоҷикистон низ аз сохторҳои гуногуни интихоботӣ истифода мешавад. Аз он ҷумла, 1 марти соли ҷорӣ интихоботи навбатӣ гузаронида шуд. Дар интихоботи мазкур мо ҳайати парлумонро иваз намудем. Ояндаи Тоҷикистон аз номзадҳои интихобкардаи мардум вобастагии калон дорад. Онҳо намояндаи асосии халқ мебошанд. Натиҷаи ин чорабинӣ тақдири минбаъдаи халқу миллат ва умуман давлатро ҳал менамояд. Интихоби кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумоти дорандаи донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар парлумон ба бунёди низоми қонунгузории сифатноку зарурӣ асос мегузорад. Ташкили оромию адолатнокӣ дар ҷамъият ва идоракунии самарабахш дар дасти офарандагони қонун аст.
Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар интихоботи навбатӣ низ манфиатҳои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо баробар гузошта шуда, шаффофияти он таъмин гардид.
Интихобот ваҳдат ва субот аст. Ҳар як ҳизб ё номзад барномаи сиёсии худро пешниҳод менамояд. Интихобот бояд ваҳдати кишвар бошад. Ин гуфтаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ инъикос ёфтааст:
Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад.
Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд.
Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрўи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.
Мо имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки гуфтаҳои Президенти мамлакат дар сатҳи баланд, бо риояи ҳамаи принсипҳои интихобот иҷро карда шуд. Боиси хушнудист, ки интихоботи навбатӣ дар фазои оромиву якдигарфаҳмӣ, шаффофу демократӣ баргузор гардид. Акнун тақдири ояндаи халқу миллат дар дасти вакилони интихобкардаи халқ аст. Вобаста ба ин аз гурўҳҳои алоҳида ки ба шаффофияти интихобот шубҳа доранд хоҳиш менамоям, ки бо ин тарафи мақола аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти
кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ