Интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ
Инкишофи ҷомеа рушду нумўи раванду ҳодисаҳои мухталифро тақозо менамояд. Онҳо ба инкишофи ҷомеа таъсир бахшида, худ низ комил мегарданд, пешрафти ҷомеаро таъмин менамоянд. Ба ҷумлаи чунин раванду ҳодисаҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин интихобот низ ворид аст. Интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар инкишофи муттасили ҷомеа мақом ва нақши фаъол дорад.
Интихобот воситаест, ки тавассути он таҳкиму такмили сохторҳои ҷамъиятӣ таъмин мегарданд. Интихобот бо ҳама мураккабию пурихтилофиаш воситаи асосии сиёсати бунёдгар ва офаридгор аст. Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Тоҷикистон низ чӣ дар гузаштаи на чандон дур ва чӣ дар замони муосир дар рафти инкишофи хеш интихоботро дар сатҳи гуногун истифода менамояд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва пойдор гаштани сулҳу субот дар кишвар барои фаъолияти озодонаи сиёсӣ шароити мусоид фароҳам омад. Ҳоло дар кишвари мо 7 ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Онҳо бояд субъектҳои фаъол ва созандаи ҷомеа бошанд. Онҳо имконият доранд, ки ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хешро дар байни мардум озодона ва дар асоси қонун тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикрони худро пайдо кунанд ва барои ободии ояндаи халқу кишварамон фаъолият намоянд.
Фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо барои ҷонибдории ислоҳоти демократӣ равона карда шуда, бо назардошти анъанаву расму оин ва таъриху фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳаёти мардум ҷорӣ намудани меъёрҳои демократие бошанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Дар олами муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии зуҳури одамон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолият мебошад. Одамон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амалашон фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ интихобот аввалин бор дар асоси системаи интихоботии омехта моҳи феврали соли 2000-ум баргузор гардид. Ташкили маҷлиси дупалатагӣ тибқи Созишномаи ба имзорасидаи сулҳи миёни тоҷикон аз таърихи 27 июни соли 1997 дар назар дошта шуда буд. Дар бораи ташкили Маҷлиси дупалатагӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар асоси касбӣ бояд фаъолият намояд, ба Конститутсия дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 тағйирот ворид шуд. Интихобот ба Маҷлиси Олӣ дар Тоҷикистон дар соли 2000 дар асоси қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 10 декабри соли 1999 дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буд, ба амал бароварда шуд.
Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоботи бевосита мебошад. Зеро, онҳоро тамоми ашхоси ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта интихоб мекунанд. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бошад, интихоботи бавосита ҳисоб меёбад, зеро онҳоро танҳо вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд ва Президенти мамлакат таъин мекунад.
Интихобот – ҷанбаи асосии сиёсати имрўза аст. Дар натиҷаи интихобот номзадҳои интихобшуда бо ҳуқуқҳои ҳукуматӣ таъмин карда мешаванд. Аммо иддае аз одамон интихоботи рўзи 1- уми марти соли ҷорӣ шударо «поёни гуногунандешӣ» номидаанд. Худ қазоват кунед, он рўз тамоми меҳнаткашони мамлакат ба раъйдиҳи омаданд ва ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. Аммо аз сиёсати тинҷу оромӣ ҷомеаи мо душманони чашми дидан надоранд ва гуфтаҳои М.Кабирӣ ба радиои Озодӣ асоси ҷиддӣ надорад. Халқ интихоби худро кайҳо бидуни наҳзату хоинон кардааст.
Қурбонова Ш.С. – сармуаллимаи кафедраи
маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ