Интихоботи софу беғубор

Дар ҷомеаҳои демокративу ҳуқуқбунёд ба воситаи доир намудани интихобот барои интихоби вакилон ба сатҳҳои гуногун яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ маҳсуб меравад. Дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурии мо низ ин маъракаи сиёсӣ ба таври шаффоф санаи 1 марти соли ҷорӣ доир гардид. Дар интихоботи мазкур ҳамчун ташкилотҳои сиёсӣ 7-ҳизби сиёсӣ ба таври баробар ва мустақим иштирок мекунанд.

Вобаста ба масъалаи интихоботи парлумон Президенти кишвар  дар Паёми худ, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид чунин иброз доштанд: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад…”.

Он шаҳрвандоне, ки дар интихобот ширкат варзиданд, ишора доранд, ки раванди интихобот бо риояи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тартиботи дохили доир гашт. Аз ҷумла роҳбарони ҳизбиҳо сиёсии мамлакат ба мисоли Сайидҷаъфар Усмонзода озодона фикри худро баён кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳиссии масъулияти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Аминов Д. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like