МУЛОҚОТИ САРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ДАР ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ ВА АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар тӯли беш аз се даҳсолаи истиқлоли давлатӣ марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар намуда, тадриҷан хусусияти шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро касб кардаанд. Ин раванд ба заминаҳои устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такя намуда, соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои байнидавлатиро фаро мегирад. Дар шароити тағйирёбии муҳити геополитикӣ ва афзоиши аҳаммияти масъалаҳои амнияти минтақавӣ, идомаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ду кишвар аҳаммияти махсус пайдо менамояд.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки 20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, идомаи мантиқии муколамаи мунтазами сиёсии ду давлат буда, доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар бар гирифт.
Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Русияро як қатор санадҳои муҳимми байнидавлатӣ, аз ҷумла Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ аз 25 майи соли 1993, Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқӣ аз 16 апрели соли 1999 ва Эъломияи муштараки сарони ду давлат оид ба амиқтар намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ аз 9 октябри соли 2025 ташкил медиҳанд. Ин санадҳо на танҳо асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳоро муайян мекунанд, балки самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои минбаъдаи ду кишварро низ инъикос менамоянд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти сарони давлатҳо баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ буд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақаро мавриди табодули афкор қарор доданд. Аҳаммияти чунин мулоқотҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсӣ, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳо замина фароҳам меоранд.
Дар баробари ин, рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русияро зарур аст, ки дар доираи сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ таҳлил намоем. Зеро устувории муносибатҳои шарикии стратегӣ пеш аз ҳама ба эҳтироми манфиатҳои мутақобила ва татбиқи амалии мувофиқаҳои байнидавлатӣ вобаста мебошад.
Самти муҳимми дигари музокиротро густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ташкил дод. Дар ин замина, масъалаҳои рушди робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва нақлиёт мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳамкориҳо дар ин самтҳо барои афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодии ҳар ду кишвар аҳаммияти амалӣ доранд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръатро яке аз ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ муайян кардааст, ҷалби сармояи хориҷӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва рушди истеҳсолоти муштарак аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд, тавсеаи ҳамкориҳо бо Русия метавонад барои рушди инфрасохтори истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷанбаи дигари ҳамкориҳои иқтисодӣ рушди сармоягузорӣ ва тавсеаи робитаҳо дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ мебошад. Ин раванд аз тағйир ёфтани хусусияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ва афзоиши таваҷҷуҳ ба самтҳои нави технологӣ шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, дурнамои муносибатҳои иқтисодиро на танҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, балки дар заминаи навсозии технология, диверсификатсияи иқтисод ва рушди иқтидори истеҳсолӣ низ баррасӣ намудан зарур аст.
Масъалаи таъмини амният ва суботи минтақавӣ яке аз самтҳои муҳимми музокироти сарони Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва ҳамсарҳад будани он бо Афғонистон аҳаммияти ин масъалаҳоро барои сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии кишвар боз ҳам бештар мегардонад.
Дар шароити муосир таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ хусусияти мураккаб пайдо намудаанд. Муқовимат ба чунин зуҳурот ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатҳо, табодули иттилоот ва таҳкими ҳамкориҳои амниятиро тақозо менамояд. Дар ҷараёни музокироти 20 ноябр низ масъалаҳои муқовимат ба ин таҳдидҳо ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва сохторҳои мудофиавии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Аз нуқтаи назари сиёсати минтақавӣ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти амният на танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллии ҳар ду давлат, балки ба таҳкими механизмҳои амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ низ алоқаманд мебошанд. Дар ин раванд фаъолияти ду кишвар дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай аҳаммияти махсус дорад.
Самти дигари муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ташкил медиҳанд. Робитаҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи донишҷӯён, омодасозии мутахассисон ва ҳамкориҳои фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои байни халқҳо нақши назаррас доранд. Забони русӣ низ дар низоми маориф, робитаҳои илмӣ ва муоширати байнидавлатии Тоҷикистон мавқеи муайян дорад.
Дар мулоқоти мазкур масъалаи сохтмони Маркази байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский дар шаҳри Душанбе низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ин ташаббусҳо ҷанбаи амалии ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро инъикос намуда, метавонанд ба рушди муҳити таълимӣ, эҷодӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат кунанд. Аз нигоҳи сиёсӣ, чунин робитаҳо на танҳо ба мубодилаи арзишҳои фарҳангӣ, балки ба таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамоянд.
Дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ мавқеи муҳим дорад. Ин масъала бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон, бозори меҳнат, таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва ҳамкории мақомоти дахлдори ду кишвар алоқаманд мебошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари ҷанбаи иқтисодӣ, дорои паҳлуҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ буда, танзими самараноки он ҳамоҳангсозии сиёсати ду давлатро тақозо менамояд.
Мулоқоти 20 ноябри соли 2026 инчунин имконият фароҳам овард, ки сарони ду давлат оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намоянд. Дар шароити тағйирёбии муҳити геополитикӣ, густариши рақобати иқтисодӣ ва ташаккули равандҳои нави ҳамгироӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳои кишварҳо дар масъалаҳои байналмилалӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Масъалаҳои минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон, таъмини амнияти сарҳадҳо, мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки муколамаи доимии сиёсиро тақозо мекунанд. Дар ин раванд, нақши Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои обу иқлим, амнияти минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар ин замина бояд ҳамчун ҷузъи сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар баррасӣ гарданд. Ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар сурате метавонанд хусусияти устувор дошта бошанд, ки ба эҳтироми соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила асос ёбанд.
Ҳамин тариқ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки 20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар идомаи рушди муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими шарикии стратегӣ аҳаммияти сиёсӣ ва дипломатӣ дорад. Муҳтавои масъалаҳои баррасишуда нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои ду кишвар хусусияти гуногунҷанба дошта, соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро фаро мегиранд.
Натиҷабахшии минбаъдаи ин шарикӣ аз татбиқи амалии мувофиқаҳои байнидавлатӣ, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳифзи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, идомаи муколамаи сиёсӣ ва густариши робитаҳои гуногунҷанба метавонад барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини суботу амнияти минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Қодирова Наргис Маруфҷоновна
муаллими калони кафедраи таърих ва
диншиносии Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон