ҲАМКОРИҲОИ ДДҲБСТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз шарикони муҳимми стратегӣ дар самти маориф, илм ва технология мавқеи хоса дошта, ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар сол ба сол густариш меёбанд.
Далели ин раванд иштироки устодони Донишгоҳ дар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ ва барномаҳои такмили ихтисос дар муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Аз ҷумла, рӯзҳои 17–20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «International Conference on Philosophy and Theological Studies (ICPTS 2026)» баргузор гардид, ки дар кори он мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳ, доктори илмҳои фалсафа Каримӣ Аслам иштирок намуд.
Дар доираи конфронс масъалаҳои мубрами илми фалсафа, равандҳои муосири рушди афкори илмӣ ва дурнамои таҳқиқоти байнисоҳавӣ мавриди баррасии олимону муҳаққиқони кишварҳои гуногун қарор гирифтанд. Намояндаи Донишгоҳ низ бо муаррифии таҷрибаи илмӣ-таълимии кафедра дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуда, бо олимону ҳамкасбони хориҷӣ атрофи масъалаҳои таҳқиқоти муштарак, табодули таҷриба ва нашри мақолаҳои илмӣ мубодилаи афкор анҷом дод.
Ҳамзамон, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ, дотсентон Асророва Мавлуда Абдушукуровна ва Ахмедова Муқаддасхон Абдуҳамидовна дар Донишгоҳи алоқа ва телекоммуникатсияи Чунсин ба такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Барномаи мазкур ба омӯзиши равандҳои инноватсионӣ, ҳамгироии технологияҳои муосир ва истифодаи имкониятҳои рақамикунонии зеҳнӣ равона гардида, барои иштирокчиён имконияти мусоиди шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва роҳҳои истифодаи онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва идоракунӣ фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити имрӯза аҳамияти махсус дошта, ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоҳанг мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки иштироки намояндагони Донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва салоҳияти касбии омӯзгорон замина мегузорад, балки дар таҳкими робитаҳои мустақими илмию таълимӣ, густариши ҳамкориҳои академӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим мегузорад.
Донишгоҳ минбаъд низ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди иқтидори илмӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти мавқеи худ дар фазои таҳсилоти олии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ идома хоҳад дод. Ин раванд дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Донишгоҳ, аз ҷумла ворид шудан ба қатори 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон, аҳамияти калидӣ дошта, барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии он заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таҷриба ва донишҳои дар ҷараёни сафарҳои илмӣ ва барномаҳои такмили ихтисос бадастомада дар фаъолияти минбаъдаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







