Саҳми занон дар таҳкими истиқлол ва пешрафти Тоҷикистони муосир
Зан дар ҳама давру замон дар ҳаёти ҷомеа мақому манзалати хоса дошта, ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ ва бунёдгари оилаи солим эътироф гардидааст.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон мақоми зан-модар бузург буд, ҳаст ва мемонад. Бузургтарин шахсиятҳои таърих давлату сиёсат илму фарҳанг тарбиятдидаву парвардаи модар буданд.
Дар таърихи пурғановати миллати тоҷик занони зиёде буданд, ки бо хираду заковат, матонату ҷасорат, дониш ва фаъолияти пурсамари худ дар рушди илму фарҳанг, адабиёт, маориф ва давлатлорӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Аз Робеаи Балхӣ то Гурдофарид ва аз Маҳастии Хуҷандӣ то дигар бонувони маъруфу таърихӣ симои зани тоҷик ҳамеша бо иффат, покдоманӣ, хирад, дониш ва шуҷоат пайванд доштааст.
Бо ба даст омадани Истиқололи давлатии ҶТ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар марҳилаинави таърихӣ оғоз гардидааст.Ин давра барои занону духтарони тоҷик низ имкониятҳои нав фароҳам овард.
Занон тадриҷан бо баробари рисолати ҳамсариву модариро иҷро кардан боз дар соҳаҳои уногуни ҳаёти ҷамъиятӣ низ фаъол мебошанд.
Имрўз симои зани тоҷик-симои зани босавод, соҳибмаърифат, ватандўст, масъулиятшинос, соҳибкасб, соҳибкор ва ташаббускор аст, ки дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда мегузорад.
Зани тоҷик имрўз баробари мардон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, қобилият ва истеъдоди худро амалӣ месозад.
Яке аз нишонаҳои симои асосии зани тоҷик дониш ва маърифат мебошад.
Имрўз бонувони тоҷикро дар қатори омўзгорон, табибон, муҳандисон, олимон, ҳуқуқшиносон, рўзноманигорон ва ғайраҳо мебинем.
Зани босавод метавонад, фарзандони соҳибмаърифатро тарбия намояд, муҳити солими оилавиро фароҳам оварад ва ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа саҳм гузорад.
Аввалин омўзгори фарзанд Модар аст, инсон аз модар безабон ба дунё меояд, дар вақти парвариш ва тарбия аз модар сухан меомўзад ва худ сухан мегўяд. Модар ба ў забон, одоб, ахлоқ, эҳтироми калонсолон, меҳнатдўстӣ ва муҳаббат ба Ватанро меомўзонад.
Маҳз модари босавод метавонад, насли солимфикр, ватандўст ва созандаро ба камол расонад.
Занони деҳот низ бо меҳнати содиқона дар рушди соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас доранд.
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи симои зани тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ эҳтироми фарҳанг, таърих, забон ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Пас ҳама гуянд, бигзор зан бошад мудом,
Зиндагӣ бо зан хуш асту умр бо зан бардавом.
Марофиева Сабоҳат Холиқовна,
сармутахассиси кор бо занон, духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ. ДДҲБСТ.