ДДҲБСТ: ТАКМИЛИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОНИ ИЛМИИ ТАХАССУСИ ОЛӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НАТИҶА, ИМКОНИЯТ ВА ДУРНАМО

14 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: натиҷа, имконият ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар кори семинар раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, Саркотиби илмии Комиссия, номзади илмҳои филологӣ Каримзода Мавзуна Аслам, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятии Комиссия Ашурали Мирзоев, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону олимон, муҳаққиқон ва унвонҷӯён иштирок намуданд. Дар даромадгоҳ ба иштирокчиён нишонҳои сарисинагӣ бо аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шуд. Меҳмонон ибтидо аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои иннноватсионии Донишгоҳ дидан намуданд.

Дар оғози кори семинар, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирокчиён ва меҳмонони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин семинари соҳавиро дар самти рушди илм, таҳкими иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ таъкид кард, ки рушди илму маориф, омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос ва такмили низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, дар ин раванд таъмини шаффофият, риояи меъёрҳои муқарраршуда ва баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон аҳаммияти хосса дорад.

Ҳамзамон, Шероз Мӯминзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, нақши таърихии ин иҷлосияро дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва ташаккули пояҳои давлатдории соҳибистиқлоли кишвар таъкид намуд.

Сипас, Раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар мавзуи «Такмили меъёрҳои низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ – самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ» маъруза намуда, масъалаҳои марбут ба такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ, риояи талаботи меъёрии омодасозӣ ва ҳимояи корҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқот ва рушди иқтидори илмии кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи семинар Саркотиби илмии Комиссия Каримзода Мавзуна Аслам дар мавзуи «Шаффофият, сифат ва самаранокӣ дар низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ» маърӯза пешниҳод карда, доир ба аҳаммияти риояи меъёрҳои муқарраргардида, таъмини шаффофияти расмиёти аттестатсия ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ андешаронӣ намуд.

Дар қисмати музокира ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ Ризозода Тӯра Раббим суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубрами аттестатсияи кадрҳои илмӣ, мушкилоту имкониятҳои мавҷуда ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо Комиссияи Олии аттестатсионӣ андешаҳои худро баён карданд.

Дар қисмати расмии чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Комиссияи Олии аттестатсионӣ ба як қатор омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд шаҳодатномаҳои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, ба роҳбарони шуроҳои диссертатсионӣ барои саҳми арзанда дар омодасозии кадрҳои илмии тахассуси олӣ ва фаъолияти самаранок Сипосномаҳои Комиссияи Олии аттестатсионӣ супорида шуданд.

Дар навбати худ, раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати қадршиносии ҳамкориҳои судманд, дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва саҳми назарраси Комиссия дар рушди иқтидори илмии муассиса ба Раис ва кормандони Комиссияи Олии аттестатсионӣ Сипосномаҳои раёсати Донишгоҳро тақдим намуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-омӯзишӣ барои таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Комиссияи Олии аттестатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои диссертатсионӣ, такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва омодасозии кадрҳои илмии соҳибтахассус ва ба ин васила муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like