Ҳидоят ба ояндаи озоду обод

Дар миёнаи солҳои 80-уми асри XX бо ташаббуси роҳбарони ҳизбию давлатии ИҶШС азнавсозии асосҳои иқтисодӣ, сохтори сиёсӣ ва ҳаёти маънавии ҷамъият оғоз гардид. Дар адабиёти таърихӣ сиёсати ин давра «бозсозӣ» ном гирифтааст, ки ба он Пленуми апрелии (соли 1985) Комитети Марказӣ, таҳти сарварии Котиби Генералии ҲКИШ  М.С. Горбачёв асос гузошт. Бозсозӣ мебоист камбудӣ ва мушкилоти мавҷударо барҳам дода, ҷамъияти сотсиалистиро ба зинаи сифатан нав боло мебурд. Дар роҳи демократикунонии мамлакат ошкорбаёнӣ аз ҷониби доираҳои гуногуни ҷомеа дастгирӣ ёфт. Вале баъзе доираҳо аз ҷумла, қувваҳои ҷудоихоҳи ҷумхуриҳои иттифоқӣ онро на ба хотири дарёфти мушкилоти мавҷуда ва рафъи он, балки бо мақсадҳои худ моҳирона истифода бурданд. Яке аз хусусиятҳои хоси ба амал баровардани сиёсати «бозсозӣ» дар дохили ҷумҳуриҳои иттифоқӣ авҷ гирифтани ҳаракатҳои мардумӣ барои расидан ба истиқлолияти воқеан миллӣ буд. Бахусус, ин ҳаракатҳо дар ҳаёти сиёсии ҷумҳуриҳои Назди Балтика ва Кавказ нақши барҷаста пайдо карданд. Тоҷикистон низ аз таъсири воқеаҳои дар сар то сари Иттиҳоди Шӯравӣ баамаломада дар канор намонд. Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Соҳибистиқлолие, ки ин санади таърихӣ эълон карда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ» дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мақсаду мазмуни истиқлолияти хешро аз нав арзёбӣ карда, баҳри ба даст овардани истиқлолияти комил саъю талош ба харҷ медоданд. Бо ин мақсад 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳорот қабул намуда, бо ҳамин ба истиқлолияти воқеии давлатӣ асос гузошт. Дар асоси ин изҳорот Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул намуд. Ин сана ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Афсӯс, ки дар ибтидо мардуми мо ин неъмати бузург ва сарнавиштсозро ба маҷрои дилхоҳи созандагӣ равона карда натавонист. Тоҷикистон аз роҳи азнавсозию созандагӣ ба гирдоби ҷанг кашида шуд, ки он боиси талафоти зиёди моддию ҷонӣ гардид.
Бахусус, моҳҳои май-ноябри соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ то дараҷае шиддат гирифт, ки хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон эҳсос мешуд. Дар чунин вазъияти ниҳоят душвор Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро бо сарварии Э.Ш. Раҳмонов интихоб намуд. Маҳз ӯ ҳамчун Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Ин Иҷлосия барои бақо ва таҳкими давлати тозаистиқлоли тоҷикон, муайян намудани самтҳои минбаъдаи раванди инкишофи ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Қарору қонунҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди шикасти пояҳои давлатдории моро боздошт ва институтҳои сиёсии давлат аз нав барқарору устувор гардида, фаъолияти пурсамари онҳо ба роҳ монда шуданд.
Бо назардошти аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, он марҳилаи тақдирсози таърихи навини давлатдории Тоҷикистон шинохта шудааст. Баъди соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон раванди гузаштан аз низоми сиёсии Шӯравӣ ба низоми нави давлатдорӣ оғоз гардид.
Дар ҷомеа фазои гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба вуҷуд оварда шуда, фаъолияти озодонаи ҳизбҳо, созмонҳо, ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, таъсиси теъдоди зиёди воситаҳои ахбори хусусӣ ва ҷамъиятӣ таъмин гардид.
Бо ташаббуси Сарвари давлат Э.Ш.Раҳмонов бо мақсади пешгирии ҷанги фоҷиабори шаҳрвандӣ, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳалли мушкилоти гурезаҳо миёни тоҷикон музокирот оғоз гардид. Дар раванди ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дастгирию миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо нақши муҳим доштанд.
Кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон – Россия, Ӯзбекистан, Қазоқистон, Қиргизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афгонистон дар барқарор намудани сулҳи байни тоҷикон саҳми арзанда гузоштанд. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов бо роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик – Саид Абдулоҳи Нурӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ин санад ба муқовимати байниҳамдигарӣ дар кишвар хотима бахшида, оғози марҳилаи нав ва осоиштаи тараққиёти давлати соҳибистиқлол гардид. Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ бо шуқӯҳу шаҳоати калон ҷашн гирифта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон чун дигар сарварони давлатҳо на дар кишвари ороми мутараққӣ, балки дар як мулки ҷангдидаи хароб, ки касе ҷуръати роҳбариашро ба ӯҳда гирифтан надошт, ба сари қудрат омад ва дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба мардумаш сулҳу сарҷамъӣ ва умеди ояндаи неки дурахшонро бубахшад. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд:- «Мо наҷот додани халқи соҳибтамаддуни тоҷикро аз вартаи парокандашавӣ ҳадафи аввалиндараҷаи худ қарор дода, ҷиҳати таъмин кардани сулҳу суббот, сарҷамъ намудани мардуми парешонгашта, фароҳам овардани шароити мӯътадил барои кору зиндагии сокинон ва минъбад ба кишвари ободу зебо табдил додани Тоҷикистони азизамон ҷаҳду талош намудаем».
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарвариашон гунаҳкоронро бахшида пайваста Авфи гуноҳ мекунанду дасти дӯстӣ ба қотилтарин душманонашон медиҳанд.Туфайли ин хислати наҷиб, олиҳимматию ҷавонмардии Сарвари маҳбуби давлатамон файзи борони оштии миллӣ дар қалби ҳар як сокини кишвар сабзида, ҳаётбахшу боровар гардид. Ин сулҳи деринтизор мардумро ба иҷрои нақшаҳои ободкориву созандагии Сарвари давлатамон ҳидоят намуд.
Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон муаллифи барномаи нави ҷаҳонии Сулҳи тоҷикон аст. Имрӯз оламиён онро эътироф карда, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта истодаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи моро бо меҳри падарона, сахтгириҳои сарварона, ҷонфидоиҳои қаҳрамонона ва қалби бекинаву амалҳои созандаву бунёдкоронаашон чун роҳбари оқилу хирадманд, худшиносу меҳанпараст ба ояндаи неку дурахшон ҳидоят мекунанд.
Кулли сарварони дунё ва ходимони сиёсию фарҳангии ҷаҳон сиёсати сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро дар симои Пешвои маҳбуби миллат шинохтаю фаҳмида истодаанд, чунки Эмомалӣ Раҳмон симои дурахшони миллат аст. Ӯ миллатро наҷот доду давлатдории миллиро таҳким бахшид, дар дохилу хориҷ чун Пешвои сулҳҷӯву созанда ва Ваҳдатсаро эътироф гашта, ба ҷоизаи ҷаҳонии «Пешвои асри ХХI» ноил шуд.
Ваҳдати миллӣ танҳо ягонагии тоҷикон нест, балки ваҳдати тамоми сокинони ҷумҳурӣ, дигар миллату халқиятҳои кишварамон мебошад. Имрӯзҳо мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои Истиқлолият ваҳдати мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла Ваҳдати сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ зина ба зина устувору қавитар гардиданд. Вазифаи ҳар яки моро ҷиҳати таҳкими амнияти кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда,мегӯянд: «Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш накарда, Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.»
Имрӯз ҳар як узви ҷомеа бо як ҷаҳон ифтихору саодат барои амалӣ сохтани ҳидоятҳои созандаи Сарвари маҳбуби давлатамон саъю талоши зиёд ба кор мебаранд. Ин ҳам муташаккилию ҳамдилӣ ва ҷаҳду талоши бобарор ояндаи халқи азизро саодатмандтар мегардонад.

Валиева Назирахон Мухторхоновна,

муаллими калон факултети молия ва андоз. ДДҲБСТ

You might also like