ДОНИШҶӮИ ДДҲБСТ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ МАҚОМИ ДУЮМ ГАРДИД
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9–10 октябри соли 2026 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 400 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат иштирок намуданд.Дар ин чемпионат Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар вазни 95 кг ҳунарнамоӣ намуда, бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ сазовори мақоми дуюм гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари ин дастовард Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ ба ҳайати дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, минбаъд дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон, шарафи варзишии кишварро ҳимоя хоҳад кард.
Ин дастоварди донишҷӯ далели заҳмату талош ва садоқати ӯ ба варзиш буда, мояи ифтихори ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ва намунаи ибрат барои ҷавонону донишҷӯён мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳро ба муносибати ин дастоварди варзишӣ табрик гуфта, дар мусобиқаҳои минбаъда барору комёбӣ ва пирӯзиҳои нав ба нав орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

