ДДҲБСТ: ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгорон собиқадорони соҳа қадршиносӣ карда шуданд.
Ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода собиқадоронро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуда, барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф изҳори сипос кард. Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





















