«Забони миллат – ҳастии миллат» – асари безавол дар шинохти забони давлатӣ

Забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва пойдории давлат нақши бунёдӣ дорад. Ҳар миллат тавассути забон на танҳо воситаи муошират, балки низоми арзишҳо, хотираи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, тафаккур, анъана ва таҷрибаи маънавии худро аз насл ба насл интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, масъалаи забон берун аз доираи забоншиносии сирф назариявӣ буда, бо таърих, фарҳанг, сиёсат, давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.
Дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд осори илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Яке аз чунин асарҳои бунёдӣ китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» мебошад.
Ҷилди якуми асар соли 2016 бо унвони «Ба сӯйи пояндагӣ» дар ҳаҷми 516 саҳифа ба нашр расида, аз шаш боб иборат аст. Дар он даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, саргузашти вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ, вазъи забон дар давраи истилои араб, ташаккули забони хаттӣ, давраи шукуфоии забони тоҷикӣ ва густариши он ҳамчун забони байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Ҷилди дуюм бо номи «Забон ва замон» соли 2020 нашр гардида, марҳалаи густариши забони тоҷикӣ аз ибтидои асри XIII то ибтидои асри XX-ро фаро мегирад. Он аз сарсухан, ҳафт боб, 40 фасл ва хулоса иборат буда, ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ такя мекунад. Аз ин рӯ, таҳлили ин асар на танҳо барои шинохти таърихи забони тоҷикӣ, балки барои дарки ҷойгоҳи забон дар низоми давлатдории миллӣ аҳамияти назаррас дорад.
Яке аз андешаҳои меҳварии асари «Забони миллат – ҳастии миллат» аз он иборат аст, ки таърихи миллатро бидуни омӯзиши таърихи забон наметавон ба таври комил дарк кард. Дар оғози асар андешаи муҳиме баён мегардад: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Ин андеша аз нуқтаи назари методологияи илмӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Забон воқеан ҳамчун як навъи «архив»-и иҷтимоӣ амал мекунад. Дар таркиби луғавии он осори робитаҳои фарҳангӣ, тағйироти сиёсӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, номи ашёву падидаҳои таърихӣ ва шаклҳои тафаккури давраҳои гуногун ҳифз мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар, забони тоҷикӣ танҳо воситаи муоширати имрӯза нест. Он натиҷаи раванди тӯлонии таърихӣ буда, дар худ таҷрибаи маънавию фарҳангии чандин наслро нигоҳ доштааст.
Пас, мафҳуми «забон – ҳастии миллат» бояд на ҳамчун як шиори эҳсосӣ, балки ҳамчун категорияи муҳимми иҷтимоӣ-таърихӣ фаҳмида шавад: заифшавии забон маънои заифшавии яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ва аз даст рафтани бахше аз хотираи таърихиро дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар шароити истиқлол аҳамияти махсус касб мекунад, муносибати байни забон ва давлат мебошад. Забони давлатӣ пеш аз ҳама воситаи амалисозии фаъолияти давлат, қонунгузорӣ, идоракунӣ, маориф, илм, фарҳанг ва муносибатҳои расмии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ танҳо як масъалаи забоншиносӣ нест, балки натиҷаи ташаккули давлатдории миллӣ мебошад.
Дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Рӯзи забони давлатӣ … рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад». Ин андеша робитаи се мафҳуми муҳимро нишон медиҳад: забон – давлатдорӣ – ваҳдати миллӣ. Яъне забони давлатӣ танҳо забони ҳуҷҷатҳои расмӣ нест. Он воситаи муттаҳидсозии ҷомеа, омили ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ ва яке аз нишонаҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Пешвои миллат дар ҳамон суханронӣ инчунин таъкид мекунанд, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар миллат мебошад ва аз даст додани забони модарӣ метавонад бо гузашти вақт бо аз байн рафтани нишонаҳои миллат дар таърих пайванд пайдо кунад.  Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди забони давлатӣ бояд ҳамчун вазифаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва давлатӣ баррасӣ шавад.
Ҷиҳати муҳимтарини асар дар он аст, ки таърихи забони тоҷикӣ дар робитаи зич бо таърихи миллат ва давлатдорӣ таҳлил шудааст.
Дар забоншиносии тоҷик пеш аз ин низ таҳқиқоти арзишманд анҷом ёфта буданд. Олимоне чун Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Баҳриддин Камолиддинов, Сайфиддин Назарзода, Шарифҷон Ҳусейнзода ва дигар муҳаққиқон ба масъалаҳои таърихи забон, забони адабӣ, фарҳанги забон, услубшиносӣ, луғатшиносӣ ва муносибати забон бо ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд. Аммо «Забони миллат – ҳастии миллат» аз бисёр осори қаблӣ бо фарогирии мавзӯъ ва пайванди чанд самти илмӣ фарқ мекунад.
Методологияи асарро метавон дар чанд самт мушоҳида кард:

  1. Равиши таърихӣ– забон ҳамчун падидаи дар тӯли асрҳо ташаккулёбанда таҳлил мешавад.
  2. Равиши муқоисавӣ– робитаи забони тоҷикӣ бо дигар забонҳои эронӣ ва муҳити забонии минтақа баррасӣ мегардад.
  3. Равиши фарҳангшиносӣ– забон бо адабиёт, фарҳанг ва хотираи миллӣ пайванд дода мешавад.
  4. Равиши давлатшиносӣ– мақоми забон дар ташаккули давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ таҳлил мегардад.
  5. Равиши иҷтимоӣ– забон ҳамчун воситаи ваҳдат ва муоширати ҷомеа арзёбӣ мешавад. Маҳз ҳамин маҷмуи равишҳо асарро аз як таҳқиқоти маҳдуди забоншиносӣ берун оварда, ба як таҳқиқоти фарогири таърихию забонӣ ва фарҳангии миллат табдил медиҳад.

Масъалаи фарқияти «Забони миллат – ҳастии миллат» аз осори дигар донишмандони тоҷикро бояд бо назари илмӣ ва бе кам кардани арзиши таҳқиқоти қаблӣ баррасӣ кард.
Осори олимони тоҷик асоси илмии забоншиносии муосири тоҷикро ташкил медиҳанд. Бидуни таҳқиқоти онҳо омӯзиши таърихи забон, забони адабӣ, сохтори грамматикӣ, луғат ва услуби забони тоҷикӣ ғайриимкон мебуд.
Фарқияти асари мазкур дар он нест, ки гӯё пеш аз он дар бораи забони тоҷикӣ таҳқиқоти илмӣ вуҷуд надоштааст. Баръакс, «Забони миллат – ҳастии миллат» ба бисёр таҳқиқоти қаблӣ такя мекунад ва онҳоро дар доираи як тасвири васеи таърихию миллӣ ба ҳам мепайвандад.
Ҷиҳати дигар ин аст, ки муаллиф таърихи забонро барои доираи васеи ҷомеа низ дастрас гардонидааст. Ҷилди дуюм, масалан, бо забони содаву фасеҳ ва сабки илмию оммавӣ таҳия шудааст.  Аз ин рӯ, асар ҳам арзиши илмӣ дорад ва ҳам аҳамияти маърифатӣ.
Агар як муҳаққиқ бештар ба фонетика, грамматика, луғатшиносӣ ё таърихи забон таваҷҷуҳ кунад, дар «Забони миллат – ҳастии миллат» масъалаи забон дар сатҳи васеътар — ҳамчун ҷузъи таърихи миллӣ — гузошта мешавад.
Дар даврони истиқлол масъалаи рушди забони давлатӣ ба самти муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Дар ин давра мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ таҳким ёфта, барои истифода ва рушди он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ ташаккул ёфтаанд.
Пешвои миллат дар Паёми табрикии соли 2024 таъкид намудаанд, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариши доираи истифодаи забони тоҷикӣ аз оғози истиқлол то имрӯз аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Ин мавқеъ аҳамияти амалии «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро низ муайян мекунад. Асар танҳо ба гузашта назар намекунад, балки аз омӯзиши таърих ба масъалаи масъулияти имрӯз ва оянда мегузарад.
Дар ин замина як андешаи дигари Пешвои миллат қобили таваҷҷуҳ аст:«Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем». Ин ҷумла моҳияти муносибати илмӣ ва иҷтимоӣ ба забонро хеле дақиқ ифода мекунад: забон мероси гузашта аст, аммо нигоҳдории он масъулияти насли имрӯз мебошад.
Дар илми муосири иҷтимоӣ худшиносии миллӣ маҷмӯи тасаввуроти инсон дар бораи таърих, фарҳанг, забон, арзишҳо ва мансубияти ӯ ба ҷомеаи муайян мебошад. Дар ин низом забон мақоми марказӣ дорад.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо ба масъалаи худшиносии миллӣ ва нақши забон дар он таваҷҷуҳ намудаанд. Дар суханронии соли 2023 таъкид шудааст, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ сарнавишт ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро инъикос намуда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ нақши муҳим бозидааст. Ин нуқтаи назар бо муҳтавои асосии «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳамоҳанг аст.
Аз ин дидгоҳ, забонро бояд дар се сатҳ: ҳамчун низоми забонӣ,  мероси таърихию фарҳангӣ, унсури ҳувият ва давлатдорӣ омӯхт. Маҳз омезиши ин се сатҳ арзиши методологии асари мавриди таҳлилро муайян мекунад.
Имрӯз вазифаи асосӣ танҳо ҳифзи забон нест. Забони давлатӣ бояд дар шароити ҷомеаи муосир рушд кунад, тавсеа ёбад ва қобилияти ифодаи мафҳумҳои илмӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро нигоҳ дорад. Аз ин нуқтаи назар, омӯзиши таърихи забон барои ояндаи он аҳамияти амалӣ дорад. Насле, ки таърихи забони худро медонад, арзиши онро беҳтар дарк мекунад ва барои рушди он масъулияти бештар эҳсос менамояд. Ҳамзамон, эҳтиром ба забони давлатӣ маънои маҳдуд кардани дигар забонҳо ва фарҳангҳоро надорад. Баръакс, сиёсати забонии давлати миллӣ бояд ҳамзамон рушди забони давлатӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои забонии миллатҳо ва халқиятҳои дигарро таъмин намояд.
Дар ҳамин замина, метавон гуфт, ки забони давлатӣ бояд забони илму маориф, идоракунӣ, фарҳанг, технология ва муоширати муосири ҷамъиятӣ бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф рушди истилоҳоти илмӣ, фарҳанги сухан, таҳияи луғатҳои соҳавӣ, таҳқиқи забони адабӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии забонӣ зарур мебошад.
Ҳамин тавр, асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» дар рушди андешаи миллӣ ва таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ мавқеи муҳим дорад. Арзиши илмии он пеш аз ҳама дар фарогирии васеи маводи таърихӣ, адабӣ ва забонӣ ва дар пайвастани масъалаи забон бо таърихи миллат, фарҳанг ва давлатдорӣ зоҳир мегардад. Фарқияти асосии ин асар аз бисёр таҳқиқоти дигари олимони тоҷик дар фарогирии методологӣ ва синтезӣ мебошад. Агар таҳқиқоти махсуси забоншиносӣ аксаран ба як бахши муайяни забон равона шуда бошанд, дар ин асар забон дар доираи васеи таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ таҳлил мегардад.
Мавқеи Пешвои миллат оид ба забони давлатӣ низ ҳамин ғояро тақвият медиҳад. Забони давлатӣ дар сиёсати миллӣ на танҳо воситаи муоширати расмӣ, балки рукни давлатдорӣ, омили ваҳдат ва воситаи худшиносии миллӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд, Рӯзи забони давлатӣ рамзи ҳастии миллат ва муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҷомеаи имрӯз танҳо пос доштани мероси забонӣ нест. Вазифаи муҳимтар аз он рушд додани забони давлатӣ мутобиқ ба талаботи даврони нав, тавсеаи забони илм, такмили истилоҳоти соҳавӣ, баланд бардоштани фарҳанги забонӣ ва интиқоли ин мероси бузург ба наслҳои оянда мебошад.
Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки унвони «Забони миллат – ҳастии миллат»  як консепсияи илмӣ-маънавӣ буда, миллат тавассути забон гузаштаашро нигоҳ медорад, имрӯзашро ифода мекунад ва ояндаашро месозад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳифзи забони тоҷикӣ ва таҳкими мақоми забони давлатӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад.

 

Охунҷонова Нурихон Раҳматовна,

н.и.ф., дотсент, мудири шуъбаи табъу

нашри нашриёти “Дабир”

You might also like