ИСТИҚЛОЛ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ: ПАЙВАНДИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ БО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар яке аз муҳимтарин санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлол барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили давлатсозиро интихоб намуда, пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшад, низоми муосири ҳуқуқиро ташаккул диҳад ва мавқеи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ташаббускор устувор намояд.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳимми давлатсозиро паси сар карда, дар самти таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Яке аз самтҳои муҳими ин раванд таҳкими волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Маҳз дар заминаи чунин сиёсати пайгирона ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон дар соҳаи ҳуқуқ ва маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Рӯйдоди муҳими байналмилалӣ, ки ба ин раванд иртиботи мустақим дорад, 12 декабри соли 2025 дар доираи Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Қабули ин қатънома дастоварди муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори дигар аз мавқеи фаъол ва масъулонаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, он нишон медиҳад, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ имрӯз танҳо масъалаи дохилии як давлат нест, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими волоияти қонун, таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти байналмилалӣ пайдо кардааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоӣ зарурати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон беш аз пеш эҳсос мешавад. Ҷомеаи муосир бо мушкилоти гуногун, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунӣ, фасод, нобаробарии иҷтимоӣ, поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон ва паст будани сатҳи огоҳии ҳуқуқии баъзе қишрҳои ҷомеа рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит маърифати ҳуқуқӣ метавонад ҳамчун воситаи муассири пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими муносибатҳои солими ҷамъиятӣ хизмат намояд.
Шаҳрванде, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро хуб медонад, на танҳо қодир аст ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад, балки ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон низ эҳтиром мегузорад. Донистани қонун инсонро ба масъулиятшиносӣ, эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фарҳанги ҷомеа ва заминаи устувори ташаккули давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои гуногунро амалӣ менамояд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол буда, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар солҳои минбаъда низоми қонунгузории кишвар пайваста такмил ёфта, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар асоси талаботи қонунгузорӣ рушд намуд.
Дар идомаи ин сиёсат соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби қонунгузорӣ, таҳкими эҳтиром ба қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Чорабиниҳои дар доираи ин сол баргузоршуда нишон доданд, ки маърифати ҳуқуқӣ бояд ҳамчун раванди доимӣ ва фарогир дар тамоми қишрҳои ҷомеа идома ёбад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро ташаббуси миллӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ минбаъд дар сатҳи байналмилалӣ низ дастгирӣ ёфт. Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳо дар самти омӯзиши ҳуқуқ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ мубодила гардида, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт густариш ёбанд.
Ин ташаббус ҳамчунин метавонад ба таҳияи барномаҳои муштараки омӯзишӣ, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши қонун мусоидат намояд. Махсусан дар замони рушди босуръати фазои иттилоотӣ зарур аст, ки ҷавонон тавонанд иттилооти ҳуқуқиро дуруст дарёфт, таҳлил ва истифода намоянд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст, зеро онҳо қувваи асосии созанда ва ояндаи ҷомеа мебошанд. Ҷавоне, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ аст, нисбат ба қонун ва ҷомеа муносибати масъулона зоҳир мекунад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ бояд аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, тавассути мактаб, донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои муосири иттилоотӣ идома ёбад.
Маърифати ҳуқуқӣ инчунин дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо нақши муҳим дорад. Ҳарчанд омилҳои ҳуқуқвайронкунӣ гуногунанд, баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон аз талаботи қонун ва оқибатҳои риоя накардани он метавонад дар ташаккули муносибати масъулона ба қонун таъсири мусбат расонад. Ҷомеае, ки аъзои он қонунро эҳтиром мекунанд ва ҳуқуқи дигаронро эътироф менамоянд, барои таъмини субот, адолат ва рушди устувор заминаи бештар дорад.
Аз ин ҷиҳат, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бо сиёсати дохилии кишвар робитаи ногусастанӣ дорад. Яъне, ин ташаббус ногаҳонӣ набуда, идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол, аз ҷумла дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, сулҳу субот ва маърифати ҳуқуқӣ, нишон медиҳанд, ки кишвар дар баробари ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими умумибашарӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Эътирофи чунин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шаҳодати боло рафтани нуфуз ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастовардҳо аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Зеро истиқлолият танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ нест. Истиқлолият пеш аз ҳама имконияти сохтани давлати миллӣ, муайян намудани самти рушди ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи шаҳрвандон мебошад. Дар ин раванд қонун ва эҳтиром ба қонун нақши калидӣ доранд.
Ҷомеаи ҳуқуқбунёдро бе шаҳрвандони ҳуқуқшинос ва қонунмадор тасаввур кардан душвор аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бояд ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими рушди давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ арзёбӣ гардад. Ҳар як шаҳрванде, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, қонунро эҳтиром мекунад ва ба ҳуқуқи дигарон арҷ мегузорад, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми худро мегузорад.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҷлили дастовардҳои сеюним даҳсолаи давлатдорӣ, моро ба масъулияти бештар дар назди Ватан ва наслҳои оянда низ ҳидоят мекунад. Давлати соҳибистиқлол танҳо бо рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ қавӣ намегардад; он ба ҷомеаи огоҳ, ҳуқуқдон, масъулиятшинос ва қонунмадор низ ниёз дорад.
Аз ин рӯ, ташаббуси «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027»-ро метавон яке аз дастовардҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар даврони истиқлол арзёбӣ кард. Ин ташаббус ҳам идомаи мантиқии таҷрибаи миллӣ ва ҳам саҳми Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бешубҳа, татбиқи ҳадафҳои «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» метавонад ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд. Барои Тоҷикистон бошад, ин ташаббус боз як далели равшани он аст, ки дар даврони истиқлол кишвар аз таҷрибаи миллии давлатсозӣ ба марҳилаи фаъоли ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ расидааст.
Дар ин рӯзҳои мубораки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як дастоварди кишвар моро ба ифтихори бештар аз Ватан ва масъулияти бештар барои ободии он водор месозад. Истиқлол арзиши муқаддаси миллӣ аст ва таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Эҳтироми қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа аз муҳимтарин заминаҳои таҳкими ин арзиши муқаддас ба шумор мераванд.
Кенҷазода Шуҳрат – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ