РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди халқи тоҷик мешуморанд. Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатӣ барои ҳар яки мо азизу муътабар буда, неъмати волотарин ва бебаҳост.
Боиси зикр аст, ки давраи давлатдории навини Тоҷикистон, ки аз Эъломияи истиқлолият оғоз мегардад, дар самти ташаккули иқтисодиёти устувор аз ибтидо бо мушкилоти ҷиддӣ ва шикастҳои пайдарпай рў ба рў гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки: «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерўҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. … Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991–1997-ро ҳаргиз набояд фаромўш кунем». Ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои сангини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба бор овард. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар ин давра зиёда аз 150 ҳазор нафар аҳолӣ ҷони худро аз даст доданд, беш аз 1 миллион нафар маҷбур шуданд, ки кишварро тарк намоянд. Ба иқтисодиёти миллӣ низ хисороти бузург расида, ҳаҷми умумии он тақрибан ба 10 миллиард доллари ИМА баробар буд.
Ҳамин тавр, дар оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодиёт бо сатҳи шадиди таваррум, рукуди истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин афзоиши босуръати бекорӣ рў ба рў гардид. Бад шудани шароити зиндагии аҳолӣ, афзоиши сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ, вайроншавии сохтори иқтисодӣ, коҳиши даромадҳои воқеӣ, беқурбшавии пасандозҳо, ноустувории молиявӣ, паст гардидани сатҳи истеҳсолот ва нобоварӣ ба оянда аз падидаҳои хоси он давра ба шумор мерафт.
Аз замони барқарор гардидани суботи пурраи сиёсӣ, бо шарофати хиради азалии халқи Тоҷикистон ва талошҳои устуворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвари аз ҷанг осебдида раванди барқарорсозии низоми устувори иқтисодӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа, баромадан аз буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ таъмин гардида, дар сохтори ҷомеа ва фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ тағйирот ва таҳаввулоти амиқи сохторӣ ба амал омаданд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар зарфи 35 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба комёбиҳои назаррас дар кулли самтҳо, аз ҷумла дар самти иқтисодиёт ноил гардид, ки боиси ифтихор аст. Дастовардҳо хеле зиёданд, дар чорчӯбаи як ду мақолаҳо иброз намудани ҳамаи ҷанбаҳои масъалаи мазкур имконнопазир аст, вале новобаста аз он якчанд нуктаро бо тарзи алоҳида қайд намоям.
Якум, таъмини босуботи рушди иқтисодӣ. Бо оғози ҳазорсолаи нав дар кишвар рўҳияи созандагӣ ва ободкорӣ тадриҷан афзоиш ёфт, фаъолияти иқтисодии аҳолӣ боло рафт ва сатҳи иштироки он дар равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тақвият ёфт. Дар натиҷа, дар давоми 29 соли охир (аз соли 1997 то имрўз) суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ бештар аз 7,5 фоизро ташкил доданд, ки он ба афзоиши дигар нишондоди муҳими макроиқтисодӣ, яъне ММД ба ҳар сари аҳолӣ мусоидат намуд. Дар даҳ соли охир ММД ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 маротиб афзоиш ёфта, соли 2021 ба 16,4 ҳаз. сомонӣ расонида шудааст. Соли 2025 ММД ба 173 млрд.смн. расида, суръати рушди воқеии он ба 8,4% мебошад, дар тӯли 35 соли охир ҳаҷми ММД зиёда аз 57 маротиб афзоиш ёфтааст. Дар 35 соли охир даромадҳои буҷети давлатӣ тахминан 115 маротиб афзудааст, ки дар соли 2025 ҳаҷми он ба 50 млрд сомониро ташкил намуд. Бо ибораи дигар бо ин ҳадафҳо таҳкурсии молиявии давлатдорӣ боз ҳам мустаҳкам гардида истодааст.
Дувум, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ. Дар даҳ соли охир даромади пулии аҳолӣ беш аз 6 баробар афзоиш дода шуда соли 2025 ин нишондод ба 165млрд. смн. расидааст. Дар натиҷаи амалишавии амалиётҳои ободкориву созандагӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81% оғози соли 2000-ум то 19% дар соли 2025-ум коҳиш дода шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1млн, 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 млн, 400ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар карданд.
Сеюм, таҳия, қабул ва татбиқи чор ҳадафи стратегии давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкурсии мустаҳками рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овардааст, яъне раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ (аз соли 2007). Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди кишвар ба шумор меравад. Татбиқи Стратегияи таҷдиди роҳҳои автомобилгард, сохтмони шоҳроҳҳо, пулҳои нав, роҳҳои оҳан ва фурудгоҳҳои муосир, инчунин пайвастшавии Тоҷикистон бо ҷаҳони беруна тавассути кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, ба омили калидии рушди савдои дохиливу хориҷӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ табдил ёфт.
Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ бо сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар, роҳҳои бузурги автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, “Душанбе-Кӯлоб- Хоруғ”, ки барои таъмини рафту омаду бефосила дар тамоми минтақаҳои кишварро имконият пайдо намуд. Илова бар он сохтмони роҳҳои бузурги байналмилалӣ дар самти Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин иқтидори транзитии кишвари азизамонро ба маротибҳо афзоиш дода дар арсаи байналмиллаӣ Тоҷикистонро чун кишвари ободкор тинҷу осоишта муаррифӣ менамояд. Боиси ифтихор аст, ки дар рейтинги байналмилалӣ аз рӯйи сохтмон ва сифати роҳҳо Тоҷикистон мавқеъи 50-умро дар солҳои охир ишғол менамояд.
Чорум, таъмини амнияти озуқаворӣ (аз соли 2007), ки яке аз самти асосии сиёсати иқтисодии Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми саноатӣ нақши ҳалкунанда дорад. Таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ пеш аз ҳама аз рушди устувор ва самараноки соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, рушди содирот ва таъмини саноати хўрокворӣ бо ашёи хом аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иқтисодии давлат ба шумор меравад. Масалан, бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва бо ҳадафи беҳсозии вазъи иҷтимоии мардум, зиёда аз 135 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ ҷудо карда шудаанд. Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои муҳими дастгириро роҳандозӣ намудааст, аз ҷумла тавассути дастрасӣ ба тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ, ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо. Дар ин радиф ҷудо гардидани 75 ҳаз. гектор заминҳои Президентӣ барои истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъсис додани зиёда аз 180 ҳаз. хоҷагиҳои деҳқонӣ, 4,5 маротиба афзоиши майдони боғу токзорҳо нисбат ба соли 1991 дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши калидӣ гузошта истодааст. Аз ҷониби коршиносон сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар соли 2025 зиёда аз 85% арзёбӣ карда шудааст.
Панҷум, ҳадафи дигари стратегии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ (аз соли 2007), мебошад, ки татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодӣ равона шудааст. Дар ин самт, бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони як қатор нерўгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Сангтўда-1», НБО-и «Сангтўда-2», ва ба кор андохтани агрегатҳои истеҳсолии НБО-и «Роғун», таъмири неругоҳҳои Қайроққум, Норак ва ғ. ба амал оварда шуд. Ҳамзамон, сохтмони нерўгоҳҳои хурду бузурги дигар низ бо маром идома дорад. Истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои обӣ, яке аз самтҳои асосии рушди “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ба қатори се кишвари пешсафи тавлидкунандаи энергияи сабз шомил гардид, ки ин дастоварди бузурги миллист ва барои таҳкими истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Шашум, саноатикунонии босуръати кишвар (аз соли 2018), ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ дар низоми рушди иқтисодии кишвар мавқеи калидӣ дорад. Ҳоло дар асоси ба амал татбиқ намудани ҳадафи мазкур теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 2300 адади соли 1991 ба зиёда аз 4100 адад расонида шуда, солҳои охир сатҳи рушди соҳаи саноат зиёда аз 20% ташкил медиҳад. Боиси қайд аст, ки дар ҳудуди вилояти Суғд нчунин тибқи сарчашмаҳои оморӣ теъдоди корхонаҳои саноатӣ агар соли соли 1991-ум 115 ададро ташкил дода бошанд, дар соли 2025-ум теъдоди онҳо 1164 адад зиёд гаштааст.
Ҳафтум, рушди бахши хусусӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун бахши хусусӣ ҳамчун нерўи пешбаранди рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё снамудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи аҳолӣ муайян карда шудааст. Ҳоло чи тавре ки факту рақамҳо нишон медиҳад дар истеҳсоли ММД ҳиссаи бахши хусусӣ зиёда аз 80%, дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ зиёда аз 90%-ро ташки медиҳад. Боиси зикр аст, ки зиёд аз Аз ҳама муҳим дар иқтисодиёт зиёда аз 70% аҳолӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар бахши хусусӣ машғул мебошанд.
Ҳаштум, рушди соҳаи иҷтимоиёт. Аз ҷониби буҷети давлатӣ, инчунин ба шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ ва Истиқлолияти комили сиёсӣ шаҳрвандони саховатманди меҳнатпараст ҳар сол теъдоди зиёди иншоотҳои хурду бузурги иҷтимоӣ, соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, маишиву фарҳангӣ дар кулли кунҷи канори кишвари азизамон бунёд намуда истодаанд. Инчунин чи тавре, ки аз сарчашмаҳои оморӣ бар меояд дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар он дар шаҳру ноҳияҳои мухталиф даҳҳо мактабҳои президентӣ, литсейҳо ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат сохта шудааст. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13адад мактабҳои олӣ бо фарогирии зиёда аз 60 ҳаз. нафар донишҷӯ мавҷуд бошанд, ҳоло теъдоди онҳо ба 51 адад бо фарогирии зиёда аз 250 ҳаз.нафар донишҷӯ мебошад.
Дар маҷмўъ, тафсири дастовардҳои иқтисодиёти Тоҷикистон гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки кишвари азизамон дар ҷодаи дурусту солими сиёсати иқтисодӣ ба сўи рушду нумўъ роҳ пеш гирифтааст. Номгуи кутоҳи дастовардҳои дар боло зикркардашуда аз мустаҳкам ва пойдор будани ҳадафҳои ободкориву созандагӣ дар тӯли 35 соли истиқлолият, ки дар таҳти сарварии Пешвои миллат халқи азизамон амалӣ намуда истодааст, шаҳодат медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки барои дучанд афзоиш додани дастовардҳои иқтисодӣ имкониятҳои хуб дорем. Ба онҳо зеринҳоро ворид намудан мумкин аст: – Иродаи сиёсии роҳбари давлат дар роҳи ободкориву созандагӣ; – Халқи меҳнатдӯсти кишвари азизамон, ҳисси зиёди ҷавонон дар таркиби қувваи корӣ; – Захираҳои зиёди ба гирдгардиши истеҳсолот ворид нагардида; – Пурра ворид намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ ва ғайра.
Амалӣ намудани ин имкониятҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар буда, дар арсаи байналмилалӣ баҳри эътирофи ватани азизамон ҳамчун давлати рушдёфта, ободу созанда мусоидат менамояд ва барои баланд бардоштани некуаҳволии халқу ватан равона гардидааст.
Бо шарофати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг рушду нумуъ меёбад.
Ҳамин тавр, дар шароити ҷаҳонишавӣ истиқлолиятро ҳифз намудан, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ифтихори миллиро баланд бардоштан ва бо тарзи доимӣ ҳадафҳои обобдкориву созандагиро ба амал татбиқ намудан амри воқеист.
Ризозода Тӯра Раббим – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон