Натиҷаҳои пурсамар дар давраи ҳисоботӣ
Шурӯъ аз санаи 15 сентябри соли 2011 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикиситон соле ду маротиба нишастҳои матбуотӣ доир карда мешаванд.
Дар ин замина имрӯз санаи 10 феврали соли 2020 нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ давоми соли 2019 доир гардид.
Роҳбари донишгоҳ ба таври мухтасар аз дастовардҳои донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, афзуд, ки натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2019 ва омодагии ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари марҳилаи нави рушд барои донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Сарвари донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия), молия ва қарзи донишгоҳро падидаи муҳим ва дастоварди арзандаи муассиса дар нимсолаи аввали соли равон, маънидод кард.
Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявию вилоятӣ назаррас арзёбӣ гардид. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол-2019” – Дилфуза Хоҷаева, озмуни вилоятии “Донишҷўи сол-2019”- Нозила Каримова байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2019 як нафар гирандаи Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар донишҷў, 5 нафар магистрант ва 4 нафар аспиранту докторант гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд, 4 нафар донишҷў гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, 24 нафар донишҷў барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ, 2 нафар донишҷӯи боргоҳи маърифатамон гирандаи стипендияи «Дӯстӣ», ки аз ҳисоби фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин – Ғаюр Семент» буданд.
Қайл карда шуд, ки ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ соли равон ба пуррагӣ машғулиятҳо дар 16 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони чиннӣ гузаронида шудаанд, ки барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори ватаниву ҷаҳонии меҳнат мусоидат хоҳад кард. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар самти таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникӣ бошад, соли сипаришуда як нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар омўзгорони ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву ободонӣ дар донишгоҳ бомаром вусъат гирифта, дар доираи сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили робита бо ҷомеа вазири маориф ва илми кишвар ва Раиси вилояти Суғд ба истифода дода шудани толори варзишӣ бо 400 ҷойи нишаст ва толори хурди фитнес барои машқу тамрини устодону донишҷўён ба бозиҳои волейбол, футбол, баскетбол, гандбол, тенниси рўимизӣ шароит фароҳам гардид.
Соли 2019 донишҷўёни донишгоҳ Фаридун Қурбонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини камарбандӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия, Маҳмадрашид Рабиев Маҳмадзабирович дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини камарбандӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия, Фирдавс Ахмедҷонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия, Ҷонибек Қодиров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия қувваозмоӣ карда, сазовори ҷойи сеюм, Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар дар мусобиқаи байналмиллаӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар намуди варзиши сабук иштирок намуда, сазовори медали тилло гаштанд. Икромов Седиброз Иброҳимҷонович – донишҷӯи курси 3 факултети ҳуқуқшиносӣ дар мусобиқаи Осиёӣ аз рӯи намуди гӯштини самбо дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ иштирок намуда сазовори ҷойи якум, Тошов Мунис Раҷабович – донишҷӯи курси 3, факултети бизнес ва идоракунӣ, ки узви якачинӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди гӯштини миллии камарбандӣ мебошад, дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм, Боқӣ Влимуҳаммад ва Каримов Садам Каримович – донишҷӯёни курси 4, факултети молия аз рӯи намуди гӯштини самбо дар мусобиқаи байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Иссиқкули Қирғизистон иштирок намуда ғолибият ба даст овардаанд.
Пас аз маълумоти мухтасари ректори донишгоҳ рӯзноманигорон вобаста ба сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, тарзу усули гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва талаботи он, вазъи моддиву техникии донишгоҳ суолҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Баргузории нишасти матбуотӣ ҷиҳати боз ҳам такмилу рушди соҳа аҳамияти махсусро доро буда, ҳамкории қавии донишгоҳро ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари довталабону хоҳишмандон ба муассиса ва инъикоси дастовардҳои онро таҷассум менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





