Ваҳдати миллӣ – омили рушди давлатдории навин

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар охири асри ХХ мебошад. Он на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои бунёди давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошт.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ омили асосии рушди ҳар як давлат мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз тавассути таҳкими ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ворид гардид.      Заминаҳои таърихии ба даст омадани ваҳдати миллӣ чунин арзёбӣ мегардад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ба мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Низоъҳои сиёсӣ дар солҳои 1992–1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал шуданд, ки ба иқтисодиёт, фарҳанг ва зиндагии мардум зарари калон расонданд.
Дар чунин шароит масъалаи барқарор намудани сулҳ ва ҳифзи давлатдории миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб намуд. Барои ҳалли низоъ бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои кафил гуфтушунидҳои байни тоҷикон оғоз гардиданд.       Муҳимтарин санади таърихӣ дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ин:
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон
мебошад. Ин созишнома 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид. Мувофиқи муқаррароти созишнома:

  • оташбаси доимӣ таъмин гардид;
  • гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд;
  • Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт;
  • ислоҳоти сиёсӣ оғоз гардид;

замина барои рушди минбаъдаи давлатдорӣ фароҳам омад.                                                                 Ин ҳуҷҷат ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ дар таърихи навини Тоҷикистон эътироф шудааст.Бояд хотирнишон сохт, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои чунин равандҳо заминаи мусоид фароҳам овард:

  • барқарор намудани сохторҳои давлатӣ;
  • таъмини суботи сиёсӣ;
  • таҳкими амният;
  • рушди иқтисоди миллӣ;
  • баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон

Дар заминаи таҳлили мавзуи мазкур чунин воқеаҳои муҳими таърихиро номбар кардан мумкин аст, ки марҳилаҳои рушди давлатдории навини тоҷиконро муайян кардан мумкин аст:

  • Солҳои 19911992. 9 сентябри соли 1991 – Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Соли 1992 – оғози муқовиматҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ.
  • Соли 1992. 16 ноябри соли 1992 – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод (имрӯза ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд) баргузор гардид.

Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамчунин, барқарорсозии сохти конститутсионӣ оғоз ёфт.

  • Солҳои 1994 Давраҳои гуногуни музокироти байни тоҷикон баргузор шуданд. Гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Алмаато ва Бишкек доир гардиданд.
  • 27 июни соли 1997. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ.
  • Солҳои 19982000. Амалисозии муқаррароти созишномаи сулҳ. Бозгашти садҳо ҳазор гурезаҳо. Барқарорсозии мақомоти давлатӣ ва иқтисоди миллӣ.
  • Солҳои 2000то имрӯз. Марҳилаи таҳкими давлатдорӣ. Амалисозии стратегияҳои миллӣ.Рушди инфрасохтор, энергетика ва саноат. Баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон.
    Бояд тазаккур дод, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси давлатдории навин имконият фароҳам овард, ки:
  • Суботи сиёсӣ таъмин гардад. Низоми идоракунии давлатӣ мустаҳкам шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимият ба роҳ монда шуд.
  • Конститутсия ва қонунгузорӣ такмил ёбанд. Дар заминаи сулҳу субот ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардид.
  • Амнияти миллӣ таҳким ёбад. Пойдории давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъмин карда шуд.
  • Нуфузи байналмилалӣ баланд гардад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта шуд.
           Шоистаи таъкид аст, ки нақши ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардида, баъд аз фароҳам омадани омадани сулҳ да кишвар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, роҳҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон, шабакаҳои энергетикӣ густариш ёфта, сармоягузории хориҷӣ зиёд шуд ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардид.
    Лоиҳаҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва неругоҳҳои барқӣ, дар фазои сулҳу субот амалӣ гардиданд.
    Бояд қайд кард, ки ваҳдати миллӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра:
  • муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ рушд карданд;
  • омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон густариш ёфт;
  • мероси фарҳангии миллат ҳифз гардид;
  • ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ таҳким ёфт.
    Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун мактаби бузурги сиёсӣ ва маънавии ҷомеаи тоҷик эътироф шудааст.
            Дар маҷмӯъ, ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини Тоҷикистон мебошад. Ба шарофати сулҳу ризоияти миллӣ давлатдории тоҷикон таҳким ёфта, кишвар ба марҳилаи рушди устувор ворид гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон арзёбӣ мешавад.
    Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон рушди давлатдории навин, пешрафти иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин кард.

    Ҳамидова Манзура Маҳмудовна,
    н.и.т., дотсент,мудири кафедраи таърихва диншиносӣ

You might also like