Кабирӣ ва ҳампаймонҳояш оё ҷуръат ва ҷасорат доранд?

Мусоҳибаи Муҳиддин Кабириро, ки бо хабаргузории Паём.нет анҷом додааст таҳти унвони «Ҷуръат ва ҷасорат хоси инсони озод аст хондам» хондам. Пеш аз ҳама сарлавҳаи он бароям воқеан маъқул шуд. Зеро ин гуна фазилатҳоро ман дар Паймони миллӣ, аниқтараш зиддимиллии  Кабирӣ намебинам чун, худи онҳо вобастаи хоҷагони хориҷӣ буда, ба онҳо ҳамчун ғуломи ҳалқабаргўш хизмат мекунанд ва манфиатҳои миллии худро мефурўшанд. Ин афрод, ки феълан дар хориҷи Тоҷикистон қарор доранд, аз дастовардҳои кишвари мо шод нестанд ва корашон танҳо аз ҷустуҷўи ғалату камбудиҳо диёри худашон иборат аст.

Масалан, Кабирӣ вокуниши мардумро нисбати нархи симкартҳоро «оғози бедории миллӣ» номидааст. Аз пашша филсозӣ аст. Хушбахтона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори баланд шудани нархи симкорҳоро боя як фармони худ бекор карданд.   Кабирӣ  намедонад ва ё нодида мегирад, зеро дар ҷомеаи мо хариду фурушӣ симкорҳои мобилӣ озод буда, мардум аз он озодона истифода мебаранд.

Дар охир ба Кабирӣ ва паймони зиддимиллии ў мерасонам, ки  мардуми тоҷик то ба андозае бедору худшинос шудаанд, ки дигар ба ҳарзагўиҳои Шумо гўш намедиҳанд.

Олимов Д. – ассистенти кафедраи

 таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like