Ҷамъбасти конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» дар ДДҲБСТ
23 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии ҳайати професорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ” бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода иброз намуд, ки Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” як иқдоми стратегӣ ва дурбинона мебошад. Ин ташаббус моро водор месозад, ки фаъолияти худро бо талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намуда, ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди инноватсионӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Имрӯз рақамикунонӣ на танҳо як раванд, балки зарурати ҳаётӣ мебошад, ки тамоми соҳаҳоро фаро гирифтааст.
Дар чунин шароит, вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир мебошад. Мо бояд на танҳо донишҳои назариявиро интиқол диҳем, балки малакаҳои амалӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосирро дар донишҷӯён ташаккул диҳем.
Дар робита ба ин, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори пешвози 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи илми тоҷик конференсияи илмӣ – амалии ҳайати професорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавонро дар мавзуи “Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ” ташкил ва баргузор намуд, илова намуд Мӯминзода Ш.А.
Таъкид шуд, ки масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи конференсияи мазкур наздик 800 мақолаи илмӣ пешниҳод гардиданд, ки аз шумораи умумии он 320 мақолаи омӯзгорон, 80 мақолаи докторантону магистрантон ва беш аз 400 мақолаи донишҷӯён буда, мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли маҷмуа ба нашр хоҳанд расид.
Дар бахшҳои конференсия мавзуъҳои мухталиф, аз қабили рақамикунонии низоми таҳсилот, иқтисодиёти сабз ва нақши он дар таъмини рушди устувор, тадбирҳои баланд бардоштани низоми субъектони хизматрасонии давлатї, нақши ҳуқуқи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани рақобатпазирии корхона, рушди иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун омили рушди устувори минтақа, зеҳни сунъӣ ва нақши он дар замони муосир, назарияи рақамикунонӣ: мушкилот, маҳдудиятҳо дар раванди низоми идоракунии давлатӣ ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Ҳадаф аз баргузории конференсия, пеш аз ҳама, робитаи илму истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ, пиёда намудани барномаҳои марбута дар самти рақамикунонӣ, инчунин барои аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани мамлакат ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар интиҳои чорабинӣ, аз ҷониби ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода устодону донишҷӯён – ғолибони бахшҳои конференсия бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




















